ЭЪТИМОДЕРО НАШОЯД

ЭЪТИМОДЕРО НАШОЯД

Кас наёбад ҳеҷ чиз аз чор чиз,

Ёд гир аз носеҳ, эй соҳибтамиз.

Нест аввал дӯстӣ андар мулук,

Ин сухан бовар кунад аҳли сулук.

Сифлаеро бо мурувват нангарӣ,

Ҳеҷ бадхӯе наёбад меҳтарӣ.

Ҳар кӣ бо моли касон дорад ҳасад,

Бӯи раҳмат бар димоғаш кай расад.

Он кӣ каззоб аст, мегӯяд дурӯғ,

Нест ӯро дар вафодорӣ фурӯғ.

 

 

ЧОР ЧИЗЕ КИ ХОРӢ ОВАРАД

Чор чизат бар диҳад аз чор чиз,

Нашнавад ин нуқта ҷуз аҳли тамиз.

Ҳар кӣ з-ӯ содир шавад ин чор кор,

Бинад ӯ чорӣ дигар беихтиёр.

Чун суол овард, гардад хор мард,

Монд танҳо ҳар кӣ истихфоф кард.

Ҳар кӣ дар поёнӣ коре нангарад,

Оқибат рӯзе пушаймонӣ хӯрад.

Ҳар кӣ накнад эҳтиёти корҳо,

Бар дилаш охир нишинад борҳо.

 

 

УМРРО БИКОҲОНАД

Умри мардумро бикоҳад панҷ чиз,

Ёдгираш, чун шунидӣ, эй азиз.

Шуд яке з-он панҷ дар пирӣ ниёз,

Пас ғарибӣ в-он гаҳе ранҷи дароз.

Ҳар кӣ ӯ бар мурда андозад назар,

Умри ӯ бешак, бикоҳад, эй писар.

Панҷ омад тарсу ваҳм аз душманон,

Умрро инҳо ҳаме дорад зиён.

Ҳар кӣ ӯ аз душманон тарсон бувад,

Кори ӯ ҳар лаҳза дигарсон бувад.

Аз худо тарсу матарс аз душманон,

К-аз ҳама дорад худоят дар амон.

 

(«Чаҳор Китоб»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...