Закоти фитр

Закоти фитр

Закоти фитр

Закот яъне пок сохтан, тоза намудан аст, ки бо ин васила дар охири рамазон, қабл аз намози ид фарди муъмин хатову иштибоҳи худро метавонад ҷуброн кунад, ки ин асосан ба фоидаи шахси рӯзадор аст.

 

Закоти фитр воҷиб аст. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст, ки мегӯяд: “Расули Худо закоти фитрро ҳамчун поксозандаи шахси рӯзадор аз суханони лағву беҳуда ва амалҳои зишту фаҳшо фарз гардонида, ҳамзамон онро таоми мискинҳо қарор додааст. Ҳар касе онро қабл аз намози ид адо кунад, закоти мақбул аст ва ҳар касе баъд аз намози ид адо кунад, пас он як навъ садақае аз садақаҳои маъмулӣ ба ҳисоб меравад” (Ривояти Абудовуд). Уламои Ислом бар асоси ин амри Паёмбар ﷺ закоти фитрро воҷиб шуморидаанд.

 

Шартҳое закоти фитр

  1. Мусалмон будан. Закоти фитр танҳо ба марду зан ва хурду калони мусалмонон воҷиб мегардад ва ба ғайри мусалмонон додани он воҷиб нест.
  2. Сарватман будан. Яъне фарди мусалмон бениёз бошад. Дараҷаи бениёзи дар доштани мол ба андозаи нисоби закот ҳисоб мешавад. Нисоби закот 500ҳ.р. аст.
  3. Вақт. Яъне закот ба монанди рӯзаву намоз вақти муайяни худро дорад, ки бояд риоя шавад ва он аз ғуруби офтоби охирин рӯзи Рамазон шуруъ гардида, то пеш аз намози ид мебошад.

 Таъкид бояд кард, ки дар адои закоти фитр саҳлангорӣ накарда, лозим аст, ки қабл аз намози ид дода шавад. Баъзеҳо надониста, онро баъд аз намози ид ато мекунанд, ки закоти фитри эшон ба ҳисоб нарафта, як навъ садақаи маъмулӣ мебошад.

 

Миқдори закоти фитр

Тибқи ҳисоботи имрӯза як соъ ба андозаи 3кг 600г мебошад. Ҳамин тариқ 1кг 800г. гандум, ё 3кг 600г ҷав хурмо биринҷ метавонад садақаи фитрро пардохт созад. Таъкид бояд кард, ки ин миқдор ҳадди камтарин ба ҳисоб рафта, аксар барои ононест, ки молу дороии кам доранд. Аммо нафарони тавонову сарватманд метавонанд ба қимати мавизу ғулинг ва ғайра закоти фитри худро адо намоянд. Ҳукми Закоти Фитр ин аст, ки аз ҳар аъзои хонавода додан, воҷиб мебошад. Ба ҷои маводи хӯрока шахс метавонад пул бидиҳад.

 

Фоидаҳои закоти фитр

Таъкид бояд кард, ки закоти фитр фоидаҳои бузург ва сершумор дорад, ки чанде аз онҳоро ба таври зайл зикр хоҳем кард:

  1. Покии нафсҳо ва баданҳо ва ҳарчи бештар наздик шудан ба Худо;
  2. Пок гаштани фарди мусалмон аз суханони лағву беҳуда ва фаҳшу зишт;
  3. Таом додани фақирону мискинон;
  4. Дар рӯзи ид ворид намудани хушҳолию хурсандӣ ба хонадони тамоми мусалмонон;
  5. Ба даст овардани аҷру савоби зиёд;
  6. Шукр гуфтани Худованд дар баробари неъматҳояш ва ҳамзамон комил намудани рӯза;
  7. Фарох гардидани молу дороӣ ва бобаракат гаштани он.

 

Закоти фитр ба кӣ дода мешавад?

  1. Фақирон. Шахсони муҳтоҷе, ки бо меҳнату машаққат ва ё вазифае маблағ ба даст меоранд ва он маблағи ночиз ба зиндагии маишии онҳо кифоягӣ намекунад.
  2. Мискинон. Онҳое, ки аз молу дороӣ ва хонаву дар чизе надоранд ва аз вазъу ҳолат ва суханашон мискин будани эшон аз мардум пинҳон намемонад.
  3. Коргузорони ҷамъоварии он. Онҳое, ки аз ҷониби имом барои ҷамъоварии закоти мол ва ё фитр вобаста мегарданд ва барои он саъю талоши ҳамаҷониба мекунанд.
  4. Қарздорон. Закот ба қарздорон низ машруъ гардидааст, то бо ин васила аз қарз халос шаванд.
  5. Дар роҳи Худо. Яъне касе, ки дар роҳи Худо амал ва ҷаҳду талош мекунад, ба он додани закоти мол ва ё фитр дуруст мешавад.
  6. Мусофирони муҳтоҷ. Яъне мусофире, ки дар сафар маблағаш ба итмом расидааст ва барои баргаштан ба макони аслии худ маблағи кофӣ надорад. Ба ин навъ афрод низ додани закот дуруст аст.

Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо ﷺ фармудаанд: “Барои рӯзадор ду хушҳолӣ аст: як хушҳолӣ ҳангоми ифтор ва хушҳолии дигар ҳангоми мулоқот бо Худо” (Муслим). Дар ин радиф хушҳолии дигари рӯзадор рӯзи ид мебошад, ки он хусусиятҳо ва манфиатҳои зиёде дар пай дорад. (Фикх ул Ханафи)

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...