Рӯзаи моҳи Шаввол

Рӯзаи моҳи Шаввол

Рӯзаи моҳи Шаввол

Рӯзаи моҳи Шаввол

Пас аз анҷоми рӯзҳои ид соҳиби шариат амали неки дигарро суннат гардонидааст, ки он рӯзаи моҳи Шаввол мебошад. Паёмбари Худо ﷺ вобаста ба рӯзаи шашрӯзаи моҳи шаввол чунин фармудаанд: “Ҳар касе рӯзаи Рамазонро дорад, пасон шаш рӯзи моҳи Шавволро рӯза бигирад, мисли ин ки даҳрро (як солро) рӯза доштааст” (Муслим). Мутахассисони соҳа дар мавриди ҳадиси мазкур гуфтаанд, маънои он ки рӯзаи Рамазон ва шаш рӯзи рӯзаи шаввол баробари рӯзаи даҳр, яъне яксол аст, ин мебошад, ки одатан як ҳасана даҳ баробар зиёд мешавад. Ҳамин тариқ, як рӯзи Рамазон ба даҳ рӯз табдил ёфта, си рӯзаш ба сесад рӯз мубаддал мегардад. Тибқи ин ҳисоб шаш рӯзи шаввол ба шаст рӯз баробар гардида, дар маҷмӯъ 360 рӯз, яъне як соли расо мешавад.

 

Андешаҳои уламо дар фазилати рӯзаи Шаввол

Рӯзаи Шаввол ба монанди намозҳои суннат мебошанд, ки қабл ва баъди намози фарз хонда мешаванд, нақсу камбудие, ки дар фарз ба амал меояд, комил месозанд. Ва фарзҳо дар рӯзи қиёмат бо нафлҳо комил карда мешаванд. Бештари мардум дар рӯзаи фарзӣ нақсу камбудӣ мекунанд ва ба рӯзаи нафлӣ эҳтиёҷ доранд, то камбудиҳои рӯзаи фарзиро комил созанд.

Пас аз Рамазон рӯза доштан аломати қабули рӯзаи Рамазон мебошад. Замоне Худованд амали бандаашро қабул кунад, ҳатман ба амали солеҳи дигар ӯро муваффақ месозад. Чуноне мегӯянд, савоби некӣ, як некии дигар аст. Ҳар касе як некӣ кунад ва баъди он боз некиро идома диҳад, ин нишонаи қабули некии аввалааш мебошад. Чунонки як нафар некӣ мекунад, пасон бадӣ мекунад ва ин нишонаи қабул нагардидани некияш мебошад.

Солеҳони гузашта агар дар адои намози шаб муваффақ мешуданд, барои шукри он ҳатман пагоҳ рӯза медоштанд. Ҳамзамон, амалҳои неке, ки тавассути онҳо дар моҳи Рамазон ба Худо наздик мешуданд, бо хотимаи Рамазон онҳоро қатъ намекарданд. Чунки амалҳои нек то рӯзе, ки банда зиндаву ҳаёт аст боқӣ мемонанд.

Паёмбари Худо ﷺ амали бардавом мекарданд. Аз Оиша савол карданд, ки “Оё Паёмбар рӯзҳои ибодату амалро хос мекарданд? Ӯ дар ҷавоб мегуфт: “на, амали ӯ бардавом буд”.

Умуман, ин ҳама мавсимҳои тоату ибодат ва амали хайранд ва базудӣ мегузаранд. Пас, мусалмонро зарур аст, то ин мавсимҳоро ғанимат шуморад ва аҷру савоби зиёд ба даст орад. (Хашияту Тахтови)

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...