Нафс нахустин душмани инсон

Нафс нахустин душмани инсон

Нафс бар беадабӣ сиришта шуда, дар ҳоле ки банда маъмур ба пайравӣ аз адаб аст. Пас, нафс бинобар табиаташ дар майдони мухолифат метозад ва ӯ душмани ҳамешагии инсон аст.

«Душмантарин душмани ту нафси туст, ки дар миёни ду канори туст». Аз ин рӯ, касе, ки лаҷоми нафси хешро дар шаҳватҳову лаззатҳояш сар додааст, бо ӯ дар фасодкориаш шарик аст. Вақте аҳлуллоҳ аз ин ҳақиқат огоҳ шуданд, бандагони Худоро ҳушдор доданд, ки асос ва асли ҳар гуноҳу ғафлат ва ширк хушнудӣ аз ин нафс аст ва асли ҳар навъ тоату эҳтиёт ва иффат аз ҳаромҳо нохушнудӣ аз он аст. Амали андаки ҳамроҳ бо огоҳии миннат Худои таолоро беҳтар аз амали зиёд бо дидани камбудии нафс аст, зеро огоҳӣ аз камбудӣ холӣ аз ширк дар тақдир набошад. Бандаи оқил, ки ҳақиқати нафси худро дониста, хориву бенавоӣ, нотавониву оҷизӣ ва масири ба фано наздикшавандаи ӯро дидааст, Парвардгор ва Офаридгорашро бо тавоноиву бақо ва қудрату азамату кибриё шинохтааст, зеро Ӯст, ки ин нафсро офарида ва аз нестӣ ҳасташ кардааст.

Вақте Худои таоло дӯстони Худро хитоб кард ва ба ҳузури Хеш хонд, онҳоро аз роҳи осонтарин ва наздиктарин огоҳ кард, ки он роҳи душманӣ ва мухолифат бо нафс аст. Худои таоло ба яке аз дӯстонаш дар хоби эшон гуфт: «Нафсатро душман бидор, зеро Маро ғайри ӯ даъвогари дигаре дар подшоҳӣ набошад!». Яъне, чунки нафс чизеро талаб дорад, ки мар Ӯ таолоро бувад, аз қабили кибриёву азамат, фармонбарии мардум ва итоати онҳо аз ӯ, дар ҳоле ки ин сифатҳо раво нест, магар Офаридгореро, ки бузург ва поку муназзаҳ аст.

Дараҷаҳои нафси башарӣ

Нафс як дараҷа надорад, балки навъҳои гуногуни нафсҳои башар бар дараҷаҳои гуногунанд, вобаста ба наздикии соҳибони нафс аз Худои таоло ва дурии онҳо аз Ӯ. Чунончи, нафси аммора (сахт водоранда) ба бадӣ соҳибонашро ба гуноҳҳо ва ғафлатҳо амр мекунад. Дар бораи он сарвар ва пешвои тоифа Ҷунайд куддуси сиру гуфтааст: «Нафси аммора ба бадӣ ба ҷангҳо баҳри мадади душманон даъват мекунад». Муроди ӯ аз душманон дунё ва Шайтон аст, ки гуноҳро барои фарзанди одам ороставу дар назараш зебо ҷилва медиҳанд. Пас аз он аз рӯи дараҷа нафси лаввома (маломаткунанда) аст, ки соҳибашро барои гуноҳи кардаи ӯ, баъди ба он гирифтор шуданаш, сарзаниш мекунад.

Пас аз он аз рӯи мартаба нафси мулҳама (илҳомбахш) аст, ки соҳибашро ба кори хайре илҳом мебахшад ва ба сӯи он мехонад. Сипас нафси розия аст, ки ба ҳукми Худои таоло ва фармонравоии Ӯ розӣ шуда, ба Ӯ дар ҳар он чӣ ирода ва ихтиёр кунад, комилан таслим шудааст. Сипас нафси марзийя аст, ки ризои Худованд, субҳонаҳу ва таолоро ноил шудааст. Дар ин мартаба солик дар шинохти Худои таоло, ончунонки ҳаққи шинохтани Ӯст, қадами нахустин мегузорад.

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир

ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...