Васиятҳои Абўҳанифа ба шогирдаш Юсуф

Васиятҳои Абўҳанифа ба шогирдаш Юсуф

Васиятҳои Абўҳанифа ба шогирдаш Юсуф

Аз ҳама кас ёд кун ва ба мулоқоташон бирав, чӣ касоне, ки ба мулоқоти ту меоянд ва чӣ ононе, ки намеоянд, бо ҳама касс хубӣ кун, хоҳ касоне, ки ба ту хубӣ мекунанд ва хоҳа касоне, ки намекунанд, афву гузашт пеша кун, ба некӣ суфориш намо, аз корҳои пучу бемаънӣ канора гир, касе, ки ба ту озор мерасонад, аз ў даргузар, дар нигоҳдошт ва адои ҳуқуқ шитоб кун, агар касе аз бародарон ва ҳамнишинонат бемор шуд, шахсан худат ба аёдаташ бишитоб ва аз тариқи дўстони дигар низ пайваста ҷўёи аҳволаш бош, агар касе аз онон аз маҷолисат ғоиб шуд, аҳволи ўро ҷустуҷў намо ва агар касе аз онҳо аз ҳузур дар маҷлиси ту худдорӣ намуд, ту ўро раҳо макун ва робитаи худро бо ў қатъ магардон, касе, ки ба ту ҷафо мекунад, бо ў низ рафтуомад кун, касе, ки пеши ту меояд, икромаш кун, касе, ки ба ту бадӣ мекунад, аз ў даргузар, касе, ки дар бораи ту сухани зишт мегўяд, ту аз ў ба ҳусну хубӣ ёд кун, агар касе аз онон мурд ва бар ту ҳаққе дошт, ҳаққашро адо намо, агар касе хушие дошт, ба ў табрик бигў, агар мусибате дошт, ўро тасаллӣ бидеҳ, агар ба вай офате расид, бо ў ҳамдардӣ кун, агар касе туро барои коре фаро хонд, бирав, агар аз ту кумак хост, ба вай кумак кун, агар аз ту ёрӣ хост, ба ў ёрӣ расон, то метавонӣ дар ҳузури мардум изҳори дўстӣ кун, салом карданро ом гардон, агарчи ба мардуми пасту беэътибор бошад, саъй кун ҳар касе, ки дар маҷлиси ту ҳозир мешавад, аз илм маҳрум нагардад, тибқи ҳолати ҳар кас миқдоре илм ба вай биёмўз, то онро ёд бигирад ва дар он биандешад, бо мардум фақат масоили асосиро матраҳ кун ва аз тарҳи ҷузъиёт бипарҳез, мардумро ҳамеша маънусу саргарм дошта бош, гоҳе бо онон шўхӣ кун ва дўстона суҳбат намо, ки ин гуна умур муҳаббати туро дар қалби мардум меафзояд ва ба ҳузури онҳо дар маҷлисҳои илмӣ давом мебахшад, гоҳе мардумро ба хўрдани ғизо даъват кун, аз хатоҳои онон чашмпўшӣ намо, корҳояшонро анҷом бидеҳ, ба онон нармӣ кун, агар лағзиш дидӣ, ба тавре аз он бигузар, ки гўё асло надидаӣ, бо ҳеч кас аз онон изҳори дилтангӣ ва нороҳатӣ макун, тавре бо онон бархўрд кун, ки гўё фарде аз ҷумлаи онҳо ҳастӣ, рафторат бо мардум ҳамчунон бошад, ки бо худ рафтор мекунӣ, барои онҳо ҳамон чизеро биписанд, ки барои худат меписандӣ, барои ислоҳи нафси хеш аз худи нафс кумак бигир, ба ин гуна ки онро аз хомиҳо боздор ва ҳамвора аҳволашро муроқибат кун, аз шарписандӣ бигурез, агар касе аз ту изҳори танаффур кард, ту аз вай мутанаффир машав, касе, ки ба ту гўш медиҳад, ту низ ба ў гўш бидеҳ, коре, ки мардум туро ба он водор накардаанд, ту низ касеро ба он водор макун, тавре бо онҳо бархўрд кун, ки онон чунин бархўрдро барои худ биписанданд, ба онҳо нияти неки худро нишон бидеҳ, аз ростӣ кор бигир, такаббурро раҳо кун, мабодо касеро фиреб диҳӣ, гарчи туро фиреб диҳанд, амонатро ба соҳибаш баргардон, гарчи дигарон бу ту хиёнат кунанд, вафо пеша кун, ба тақво чанг бизан, бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб намо, агар ба ин васияти ман амал намоӣ, умедворам солим бимонӣ».

Сипас фармуд: «Аз ошноӣ бо ту бисёр хурсандам, аммо инак, ки аз ман ҷудо мешавӣ, хеле нигарон ва нороҳатам, ҳамвора ба ман нома бинавис ва маро аз эҳтиёҷот ва мушкилоти худат огоҳ гардон, ту бароям ба мисли фарзанд ҳастӣ, зеро ки ман барои ту ба монанди падар ҳастам».

«Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абўҳанифа»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...