Самараҳои убудият

Самараҳои убудият

Самараҳои убудият

 

Чун ба ҳақиқати нотавонии хеш андаррасидӣ, Ӯ таоло бо қуввату қудрати Худ ба мадади ту бирасад ва чун ҳақиқати ниёзмандии хешро дарёфтӣ, Ӯ таоло туро бениёз гардонад.

 

Ҳар кӣ ниёзмандии бузург барояш собит шуд, бениёзии бузург барояш собит шавад. Бандаро бар анҷом додани коре тавоноӣ набошад, ҳатто ба чизе ҷуз Мавлои хеш эътимод накунад. Ҳар кӣ ба авсофи убудият даст ёбад, Худои таоло мададгори ӯ ба авсофи рубубият гардад, хусусан агар пайваста бо зикр машғул бошад, ки он ҷазбкунандаи убудият аст. Пас, аз ин ки дар ҳузури илоҳӣ банда хонда мешавад, ваҳшатзада мешавад ва Худои таоло ӯро бо авсофи рубубият ба сӯи Худ ﷻ мекашад. Камтарини ин чиз мушоҳидаи лутфи зуд фарорасанда аз сӯи Латиф ﷻ аст, зеро ҳар кӣ убудияту бенавоӣ ва изтиробу ниёзмандӣ варзад, атову бахшишҳо ба вай зудтар расанд. Пас, ҳар кӣ хоҳад, ки бахшишу атоҳо ба вай зудтар расанд, бояд ба бенавоӣ даст ёбад. Худои таоло гуфт: «Ба дурустӣ ки садақаҳо махсус аст ба фақирон…» (Тавба, 60). Касоне, ки ба зинаҳои олии камоли маънавӣ расидаанд, ҳар гоҳ неъматашон афзояд, убудияташон меафзояд ва ҳар гоҳ диндориашон афзояд, қурбашон меафзояд, ҳар гоҳ шӯҳратпарастӣу мартаба ва мақому манзилаташон афзояд, хоксориву фурӯтаниашон меафзояд.

«Нисбат ба муъминон сарафкандаву фурӯтан ва ба кофирон сарафрозу муқтадиранд» (Моида, 54).

Ҳар гоҳ ба чунин касон шаҳвате аз шаҳватҳои нафсҳо бирасад, аз он сипосгузор мешаванд. Онҳо шаҳватҳоро гоҳ бо нармиш нисбат ба нафсҳо мепазиранд, зеро нафсҳо барояшон монанди тифлеанд, ки меҳрубонӣ мехоҳад ва ба вай чизе ҳадя диҳанд, чун таҳти сиёсати мавриди меҳрубонӣ қароргирифта ғолиб шудааст. Онҳо гоҳ дар пайравӣ аз паёмбарон ва шаҳватҳои дунявии андакро ихтиёр кардани эшон нафсҳояшонро аз шаҳватҳо бозмедоранд.

 

“Боғи ахлоқи накукорон”

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...