Дӯстии дунё

Дӯстии дунё

Бидон, ки дӯстии дунё дар ҳамаи шариатҳо накуҳиш шуда, он сари ҳар хатое ва сабаби ҳар фитнаест. Аз ин рӯ, банда бояд дар дунё зуҳд ихтиёр намояд ва аз дили худ дӯстии ҷоҳро берун кунад, чунки дӯстии шӯҳратпарастӣ бар соҳибаш аз дӯстии мол зиёнбортар аст.

Ин ду ба дӯстии дунё далолат мекунанд ва дунё душмани инсон аст. Дар баёни бӯи бади дунё ҳамин нуқта кофист, ки чун Худованд ﷻ Одам ва Ҳавворо, ба замин фуруд оварду онҳо бӯи дунёро дарёфта, аз бӯи биҳишт бенасиб монданд, аз бӯи бади дунё чиҳил рӯз беҳӯш шуданд. Ривоят кардаанд, ки Худои таоло вақте дунёро офарид, ба вай гуфт: «Эй дунё, ҳар кӣ Маро хидмат кард, ту ҳам ӯро хидмат бикун ва ҳар кӣ туро хидмат кард, ту низ ӯро дар хидмати худ қарор бидеҳ!» Вақте неъматҳои дунё мегӯянд, молу таом ва калому хобро дар назар доранд. Пас, эй мурид, огоҳ бош, ки қалби ту ба чизе аз лаззатҳои фонӣ машғул нашавад, зеро онҳо чун мӯйи дар қалб рӯянда бошанд. Ва агар як тори мӯй дар қалб бирӯяд, соҳиби он дарҳол бимирад. Барои ҳамин ҳам Худои таоло рӯи пӯсти инсонро барои мӯй гардонидааст, на зери онро. Ҳикмати ба биҳишт бемӯй ва бериш, сурма ба чашмон кашида ва якдил дохил шудани муъминон аз ҳамин дониста мешавад. Яъне, агар бар баданашон мӯй бирӯяд, онҳо мемиранд, зеро эшон ҷисман ва рӯҳан ҳамагӣ дилҳоянд ва эшонро бо Парвардгорашон ﷻ ҳиҷобе дар миён набошад. Пас, бидон, ҳар муриде, ки дӯстдори дунё бошад, Худованд ﷻ ҳам ба андозаи зиёд ё кам дунёро дӯст доштани ӯ аз ӯ нохушнуд шавад.

Ба дурустӣ ки ҳар он чӣ туро аз Худо ﷻ машғул бидорад, он дунёст ва ҳар он чӣ туро бар таваҷҷуҳ ба Худо ﷻ мадад кунад, он охират аст. Дар ҳадис аст, ки Паёмбар ﷺ гуфт: «Ба дурустӣ ки Худованд ﷻ наофарид офаридаеро, ки барояш душмандоштатар аз дунё бошад ва аз замоне, ки офаридаш, бар вай назар накард». «Дунё малъун аст, малъун аст ҳар чизе, ки дар он аст, ба ҷуз зикри Худо ﷻ ва ҳар чӣ ба ин оварад».

Ибодати ҳамроҳ бо дӯстии дунё танҳо хаста кардани андомҳост

Имом Абулҳасани Шозилӣ мегуфт: «Бандаро ҳамнишинӣ бо Худо ﷻ дар дунёву охират муяссар нагардад, агар ӯ ба чизе аз кавнайн майл дошта бошад. Худоро ﷻ ҳамнишин нашавад, магар бандаи Худо ﷻ, аммо ғайри ӯ ҳамнишини чизест аз мавҷудот, ки дӯсташ медорад ва аз ин бартар наравад».

Аз шайх Абулҳасан Алӣ ибни Мазин ривоят шуда, ки гуфтааст: «Ҳарчанд шумо мардеро ситоиш кунед ва ҳатто ӯро сиддиқ3 хонед ҳам, назди Худованд ﷻ арзише надорад, чун бо қалбаш ҳамнишини дунёст. Савганд ба Худо ﷻ, ҳалок нашуд касе аз аҳли тариқат, магар аз ҳаловати дороӣ (боигари) дар нафси хеш».

Имом Шозилӣ гуфт: «Ибодати ҳамроҳ бо дунё машғул доштани қалб ва хаста кардани андом аст ва он суратест, берӯҳ. Ҳақиқати зуҳд дар дунё тарки майл ба он аст, на ба даст кашидан аз дунё4, бинобар наҳй накардани соҳиби шариат аз тиҷорат ва аз машғулшавӣ ба касбу кор» .

Порае аз “Боғҳои ахлоқи некукорон” муаллиф Шайх Аҳмад пир ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...