Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ризо ва таслим ниҳояти убудият аст

Ба дурустӣ ки ризо ва таслим ниҳояти убудият ва бандагӣ аст. Камоли ислом ҳам дар таслим ва тафвиз аст. Соҳиби таслим, агар дар гарданаш тавқи лаънат карда шавад, чун Иблис, розӣ аст, аз он рӯ, ки он қазои Ҳақ ﷻ ва тақдири Ӯст.

 

Ҳамчун ризои ӯ ба имонаш ва исломаш, зеро толиби содиқ ба қазову қадари Худои таоло розӣ аст, на ба феъли худ. Агар барои толиб нохушие пеш ояд ва дар вай дигаргуние рух диҳад, пас, вай бандаи нафсаш аст. Вале агар дар вай дигаргуние рух надиҳад, пас, ӯ бандаи Парвардгораш ﷻ аст. Ин появу бунёди ҳар амр аст. Аз ин ҷо, эй равандаи роҳ, туро мебояд, ки ҳамеша бандаи Ӯ ﷻ бошӣ, ончунонки Ӯ таоло ва тақаддас ҳамеша Парвардгори ﷻ туст. Гӯяндае барои Худованд ﷻ чунин дурафшонӣ кард:

 

Агар бошад ситоишу накуҳишро тафовут1,

Ба назди ту, ба ойинам қасам, ки бутпарастӣ.

 

Ин асле аст, ки бузургони хоссаи ҳамаи тариқатҳо бар он иттифоқ кардаанд.

Имом Шаъронӣ аз шайхи худ Алии Хаввос пурсид: «Оё ба камбизоатон бахшишу ато кунам ва ё адабро дар пешгоҳи Худованд риоя намоям, чун онҳоро фақир кардааст?» Шайх гуфт: «Назди ман адаб беҳтар аст. Ҳамоно, Худои таоло дороеро фақир нагардонид, магар барои ҳикмате, ки хост онро изҳор намояд. Пас, ту аз ин огоҳ бош! Ҳамоно, ҳар он чӣ дар ҳастист, Худои таоло онҳоро мебинад ва мешунавад. Саркашӣ аз Ӯ таолоро канор бигзор ва адабро бо Ӯ таоло риоя бинмой, офаридаҳои Ӯ таолоро дар ҳамон ҳолате, ки мушоҳида кардӣ, ба ҳоли худ бигзор ва дигаргун кардани ҳолати онҳоро бе иҷозати ошкор аз ҷониби Ӯ маталаб! Шояд хилофи адаб рафторе намоӣ ва доро гардонидани касеро бихоҳӣ, ки Худованд ӯро фақир кардааст. Пас, Ӯ таоло ҳоли он бандаро ба ту таҳвил бидиҳад ва туро аз оне, ки дӯсташ медориву розӣ ҳастӣ, ба чизе интиқол бидиҳад, ки дӯсташ намедорӣ ва аз он хушнуд нестӣ, чунонки хостӣ он бандаро аз чизе, ки Худованд дӯст медошту аз он хушнуд буд, интиқол бидиҳӣ. Агар Худованд аз ту даргузашт ва туро уқубат накард, пас чунин гузашт барои ту истидроҷе бошад, ки онро пай ҳам набарӣ ва ҳамроҳи ҳалокшавандагон ту низ ҳалок шавӣ».

 

Роҳат дар таслим аст

Пас, бидон, ки зишттарин беадабие, ки банда менамояд, аз Парвардгораш ﷻ чизе пурсидан ва дар он исрор варзидани ӯст. Вақте Парвардгор ﷻ хостаашро ба ӯ дод, аз он беқарору ошуфта мешавад, сипас заволи онро аз Ӯ ﷻ мехоҳад, бинобар бисёрии хастагие, ки ба ин сабаб дар ӯ пайдо мешавад. Балки агар аз Худои азза ва ҷалл шарм медошт ва пурсиданро аслан тарк мекард, Ӯ таоло беш аз он чӣ умедвор буд, ба вай ато мекард ва оқибати неки онро ба вай кафолат медод. Пас, тарки талаб кардан беҳтар аст. Ин дар мавриди он чӣ ба манфиати худи банда аст, аммо дар мавриди талаб кардан ба манфиати дигарон монеае вуҷуд надорад.

Чӣ басо неъматҳо дар ранҷҳо ва ранҷҳо дар неъматҳо пинҳон шудан! Агар ба ботини неъматҳо назар афканем, онҳоро фарогири бисёре аз балоҳо дармеёбем. Камтарин бало он аст, ки Ҳақ субҳонаҳу аз соҳиби неъматҳо адои ҳаққи онҳоро бо шукри пайваста барои онҳо ба дил, на ба забон, мехоҳад. Ҳамчунин аз соҳиби неъматҳо ҳамеша ба сӯи Худои таоло изофа кардани онҳоро талаб мекунад. Ҳамчунин сарф кардани онҳоро дар ҷойҳое тақозо дорад, ки Ҳақ таоло бандаро фармуд, то дар онҳо сарф намояд. Агар ба ботини бадиҳо бингарем, онҳоро аз бузургтарин неъматҳо дармеёбем, чунки онҳо бароямон надомату пушаймонӣ ва хоксориву фурутанӣ меоранд. Худои таоло тоатҳову илмҳоро маҳз барои бозгардонидани мо ба сӯи Ӯ субҳонаҳу ва таоло вазъ кардааст. Нафсҳои паёмбарону авлиёи бузург ба сабаби риояи фармудаҳои илоҳӣ дар ғояти фурӯтанӣ шуданд ва ба нуқсоне мубтало нагаштанд.

Акнун нек бингар, обидоне, ки нафсашонро пок накардаанд, аз амалҳои худ ба шигифт меоянд. Агар Худои таоло бихоҳад, ки бар чунин касон раҳм намояд, онҳоро ба гуноҳи кабираи зино мубтало мегардонад. Чунончи, якеро дар миёни ҳамсоягону шиносҳояш шармсор месозад ва нафареро бар вай чира2 мегардонад, то ӯро ба идораи волӣ мебарад. Пас, номашро дар дафтари гунаҳкорон менависанд ва баъди ин ӯ худро ҳақиртар аз қатраи наҷосат мебинад.

Ҳотифе имом Шаърони -ро садо кард: «Эй Абдулваҳҳоб, ба ин сухани фарогири ҳамаи суханҳо ва мизони ҳамаи он чӣ дар китобҳои илоҳист, гӯш фаро бидеҳ!» Пас, ба ӯ дар хоб гуфт: «Оре». Гуфт: «Банда набояд як нафасе ҳам дилашро ба интихоб кардан ё накардани коре дар нафасҳои минбаъда машғул гардонад. Ӯ бояд ҳангоми ба коре оғоз карданаш ҳаққи он чиро адо намояд, ки Мо бо дастони вай ошкор месозем. Агар тоат бошад, пас, барои ин Моро ситоиш намояд ва барои тақсир дар он аз Мо омурзиш хоҳад ва агар маъсият бошад, пас барои онро сарнавишт кардан Моро ситоиш намояд ва аз мухолифати амри Мо омурзиш хоҳад ва агар ғафлат ё саҳве бошад, пас, коре анҷом диҳад, ки сазовори он мақом бошад. Ҳамин тавр, Мо дар ҳар он чӣ бо дастони ту анҷом медиҳем, бароят роҳи адабро бо Мо дуруст кардаем».

____________________________________

1 Фарқият.

2 Ғолиб, фирӯз, мусаллат.

 

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

2026-05-01 (Зулқаъдаи соли 1447) №5.


Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.   Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия”...


1,8 миллиард доллар гардиши тиҷорати Тоҷикистон дар 2 моҳ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли 2026 тамоюли мусбати рушд нишон додааст. Тибқи гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд, гардиши тиҷорати хориҷии кишвар дар моҳҳои январ – феврал ба 1,8 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,3 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои...


Мулоқоти Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон

Дар шаҳри Қазон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов доир шуд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мулоқот дар ҳошияи Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон –...


Ҷарроҳии нодири лапароскопӣ бори аввал дар Тоҷикистон

Бори аввал дар Тоҷикистон бо истифода аз дастгоҳи муосири “Eye Max” ҷарроҳии гузоштани анастомоз байни рӯда ва маҷрои умумии талхагузари ҷигарӣ бо усули лапароскопӣ, инчунин ревизияи роҳҳои талхагузар анҷом дода шуд.   Ин амалиёти нодири ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияҳои...


Беморие, ки аз никоҳи хешутаборӣ пайдо мешавад

Кормандони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Ҳарварди ИМА дар бобати саратоншиносии кӯдакон кашфиёт карданд. Онҳо генеро муайян карданд, ки барои инкишофи муътадили гурдаҳои кӯдакон масъул буда, дар хромосомаи Х-и занон маҳфуз аст. Новобаста аз он ки ген аз хромосомаи занона аст, мутатсияи он ҳам...