Адаб ва одоби салом

Адаб ва одоби салом

Саломро бояд ошкоро, баланд ва бо садои расо адо кард. Аҳодиси фаровоне омада аст, ки суфориши зиёд дорад, ки саломҳо, расо ва баланд бошад, на зери лаб ва оҳиста ва номафҳум ва ноқис. Ҷавоби салом низ бояд ҳамингуна бошад, яъне баланду возеҳ, то тараф бишнавад.

Агар дар бархурд бо дигарон ё вуруд ба ҷаласа ва ҷамъе, ё расидан ба хона ва маҳали кор, салом бигӯед, вале оҳиста, шояд саломатонро нашнаванд. Бо инки шумо салом додаед, вале ба далели сару садо ё ҷамъ набудани ҳавос ё ҳар омили дигар, саломатонро нашнаванд, шуморо беадаб ва беэътино хоҳанд шумурд ва мутакаббир хоҳанд пиндошт.

Ё агар салом дигареро ҷавоб диҳед; аммо оҳиста ва зери лаб, ба гунае ки нафаҳмад ва нашнавад, шояд пеши худ фикр кунад масъалае, хусумате ва ... пеш омада аст, ё шумо мутакаббир шудаед, ки ҳатто ҷавоби саломашро ҳам намедиҳед ё бо душворӣ ва беалоқагӣ ҷавоб медиҳед. Роҳи пешгирӣ аз ин бадфаҳмиҳо ва бадгумониҳо, риояти ҳамон дастури динӣ дар муоширатҳо аст, яъне ошкоро салом кардан.

Агар салом мустаҳаб аст, ҷавобаш воҷиб аст. Албатта бештарин савоб низ аз они касе аст, ки шуруъ ба салом кунад. Он ки салом медиҳад, посухашро бояд гармтар ва бештар дод, чаро ки салом навъе таҳият ва ҳадя аз сӯи як муъмин аст ва ҳадяро бояд посухи беҳтар ироа дод, то нишони қадршиносӣ бошад.

Даст додан

Мо алоқаи худ ва самимиятро бо даст додан иброз мекунем. Баръакс, агар бо касе кудурат ва душманӣ дошта бошем, аз даст додан бо ӯ парҳез кунем. Ба ҳамин хотир, ин дастури муқаддас ва пурбаракати исломӣ, дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ухувват, самарабахш аст.

Имом Боқир фармуд: Ҳар ду нафар муъмине, ки бо ҳам даст бидиҳанд, дасти Худо миёни дасти онон аст ва дасти муҳаббати илоҳӣ бештар бо касе аст, ки тарафи муқобилро бештар дӯст бидорад. (Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 179.)

Шеваи мусофиҳа

Даст додан низ, ҳамчун салом, адаб ва одобе дорад. Яке аз онҳо пайвастагӣ ва такрор аст. Дар як сафару ҳамроҳиву дидор, ҳатто чанд бор даст додан низ матлуб аст. Аз одоби дигари мусофиҳа, фишурдани даст, аз рӯи муҳаббат ва алоқа аст, аммо на дар ҳадде, ки сабаби ранҷишу дард гардад.

Ҳамчунин ҳангоми мусофиҳа, тул додан ва дастро зуд ақиб накашидан аз одоби дигари ин суннати исломӣ аст. Дар мусофиҳа, подоши касе бештар аст, ки дасташро бештар нигаҳ дорад. Пайғамбари Акрам низ ин суннати некуро дошт, ки чун бо касе даст медод, он қадар дасти худро нигаҳ медошт, то тарафи муқобил дасти худро суст кунад ва ақиб бикашад. Боре ... муҳаббати қалбиро бояд ошкор сохт.

Алоқа, ганҷе нуҳуфта дар дарун аст, ки бояд онро истихроҷ ва ошкор кард, то аз баракоташ баҳра бурд. Равшантарин хайру баракаташ, тақвияти дӯстиҳо ва таҳкими ошноиҳо ва робитаҳо аст. Ба дастури Ислом, “Ҳаргоҳ муъминеро мулоқот мекунед, мусофиҳа кунед, хушруӣ ва чеҳраи кушода ва башшош ва хандон ба ҳам нишон диҳед”. (Мизонул ҳикма, ҷ 5, саҳ. 355.)

Даст додан бо занон

Даст додан бо номаҳрам, ҳаром аст ва сирфи дӯстӣ ва рафоқат ва ошноӣ ва ҳамкор будан ё мулоҳизоти сиёсӣ ва диплумосӣ дар сафарҳои хориҷи ва дидорҳои расмӣ, далел намешавад, ки касе бо номаҳрам ва аҷнабӣ, мусофиҳа кунад. Расули Худо фармуд: “Бо занон даст намедиҳам” (албатта занони номаҳрам).

ХАЙРИДДИН АБДУЛЛОҲ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...