Ду медали варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё

Ду медали варзишгарони Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё

Аз 25 то 30-юми март дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати куштии Осиё дар намуди тарзи озод ва юнону румӣ баргузор шуд, ки паҳлавонони Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд.

 

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мусобиқа аз куштии тарзи озод Айаал Белолюбский (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Виктор Рассадин (70 кг), Магомет Евлоев (79 кг), Салимҷон Ҳалимзода (86 кг) ва аз куштии юнону румӣ Аслам Азизов (60 кг), Сунатулло Абдуллоев (67 кг), Лоиқ Амирхонзода (72 кг), Муслиҳиддин Уроқов (77 кг), Ҳабиб Зуҳуров (82 кг), Суҳроб Абдулҳаев (87 кг) ва Эдуард Бабеношев (+97 кг) муаррифӣ карданд. Мустафо Ахмедов (65 кг) осеб бардошт ва дар ин мусобиқа ширкат карда натавонист.

Тими мунтахаби куштии тарзи озоди Тоҷикистон як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овард, аммо паҳлвонони куштии юнону румӣ бидуни медал мусобиқаро ҷамъбаст карданд.

Медали нуқраро Виктор Рассадин (70 кг) соҳиб шуд. Ӯ дар се давр бар намояндагони Урдун Заид Меслаҳ, Эрон Сина Маҳдӣ, Муғулистон Тулга Тимур Очир ғолиб омада, дар финал аз паҳлавони Қирғизистон Эрназар Акматалиев мағлуб шуд.

Магомед Евлоев (79 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфт. Ӯ зӯрозмоиро аз чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Ҳиндустон Чандермоҳан ғолиб омад, вале дар нимфинал аз паҳлавони эронӣ Маҳдӣ Муҳаммад шикаст хӯрд. Сипас, дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони қазоқ Даулет Ергешро мағлуб кард.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...