Саёҳати русҳо ба тоҷикистон афзуд

Саёҳати русҳо ба тоҷикистон афзуд

Тоҷикистон дар тобистони соли 2022 дуввумин кишвари маъруфтарин барои саёҳати русҳо шуд. Дар ин бора маълумоти хадамоти таҳлилии сафарҳо ва сайёҳони Tutu.ru шаҳодат медиҳад.

Ҳиссаи мусофироне, ки ба ин хатсайр чипта харидорӣ кардаанд, тақрибан 17,7 фоизро ташкил дод. Нархи миёнаи чипта ба ҷумҳурӣ ба 10,1 ҳазор рубл расид, ки нисбат ба соли 2021 49% камтар аст. «Талабот ба кишварҳои хориҷи наздик бештар ба Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Белорус аст»,– таъкид кардааст Tutu.ru. Тавре аз рӯйхат дида мешавад, дар тобистони соли ҷорӣ Қирғизистон дар байни самтҳои ҳавоии Русия дар ҷои аввал қарор гирифт. Барои истироҳат ба ин кишвар 17,9% мусофирон рафтаанд. Нархи чипта ба ин кишвар дар муқоиса бо соли 2021– ум 21% афзуда, ҳудуди 10,5 ҳазор рублро ташкил додааст. Ба даҳ самти машҳуртарини ҳавоӣ Гурҷистон, Исроил ва Туркия шомиланд. Нархи чиптаҳо ба ин кишварҳо низ боло рафтааст. Арзиши сафар ба Исроил махсусан хеле баланд шуда, нархи чипта дар муқоиса бо соли 2021– ум 181% афзуда, ба 42,9 ҳазор рубл расид. Русҳо барои сафар ба Туркия ҳудуди 30 000 рубл пардохт мекунанд. Нархи билети ин хатсайри ҳавоӣ 139% гарон шудааст. Нархи чиптаҳо ба Гурҷистон дар соли 2022 нисбат ба соли қабл 43% гарон шуда, қариб 27 ҳазор рублро ташкил дод. «Тақрибан 88% парвозҳо дар тобистони имсол дар дохили Русия ва 12% дар хориҷа анҷом дода мешаванд»,– хулоса карданд намояндагони ширкат.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...