Аввалин минтақаи саноатии Русия дар Тоҷикистон

Аввалин минтақаи саноатии Русия дар Тоҷикистон

Соли 2026 дар Тоҷикистон сохтмони аввалин минтақаи саноатии Русия оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Дмитрий Кусков, директори департаменти ҳамкории байналмилалии Вазорати саноат ва савдои Русия хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Кусков, аллакай дар ҳамон сол минтақаи саноатӣ метавонад аввалин резиденти худ, яъне як корхона ё ширкатро қабул намояд. Ӯ таъкид кард, ки ҷониби Русия омода аст пеш аз оғози сохтмон ширкатҳоро ҷалб намояд.

“Мо аллакай аз ҳозир ба кор бо ширкатҳо омода буда, онҳоро даъват мекунем, то ки барои онҳо зерсохтор бунёд кунем”,- зикр кард Кусков.

Сохтмони минтақаи саноатӣ дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2023 зимни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав мувофиқа шуда буд. Дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, дар ин минтақа ҷойгиркунии корхонаҳои соҳаҳои саноати кимиё, мошинсозӣ ва саноати сабук пешбинӣ шудааст.

Идеяи таъсиси чунин минтақа бори аввал дар моҳи апрели соли 2023, ҳангоми сафари ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини сарвазир матраҳ шуда буд. Вазири саноати Русия Денис Мантуров аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, ширкати “Химград” омодагии худро барои амалисозии лоиҳа изҳор дошта буд.

Маврид ба зикр аст, ки 29-уми июли соли ҷорӣ дар Душанбе амалисозии лоиҳаи “Парки индустриалии Русия ва Тоҷикистон” расман оғоз шуд. Барои сохтмон қаламрави собиқ корхонаи “Коргоҳи мошинсозӣ” бо масоҳати 9,3 гектар интихоб гардидааст.

Дар пойгоҳи нави индустриалӣ рушди бахшҳои саноати сабук, мошинсозӣ, дастгоҳсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва электротехникӣ, инчунин, соҳаи кимиё ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дастрасӣ ба шабакаҳои нақлиётӣ, мавҷудияти зерсохтори мутамарказ ва захираҳои корӣ ҳамчун бартариҳои ин минтақа зикр мешаванд.

Моҳи майи соли 2024 дар форуми “Русия – Ҷаҳони ислом: KazanForum” намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренко тасдиқ намуд, ки барои парк аллакай майдон дар маркази Душанбе интихоб шудааст. Қаламрави корхонаҳои замони собиқ KazanForum” намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренко тасдиқ намуд, ки майдон барои парк аллакай дар маркази Душанбе интихоб шудааст. Ҳамчунин қаламравҳои собиқ корхонаҳои шӯравӣ, ки дар онҳо биноҳои истеҳсолӣ ва зерсохтори коршоям барои таъмиру навсозӣ боқӣ монда буданд, низ баррасӣ шуда буданд.

 Ҳоло дар Тоҷикистон якчанд минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин, панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. Лоиҳаи нави муштарак бояд ба ин низом илова гардад ва замина барои тавсеаи ҳамкориҳои саноатии Тоҷикистону Русия фароҳам орад.

 

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...