Муҳоҷирон ба табобати ройгон дастрасӣ пайдо мекунанд

Муҳоҷирон ба табобати ройгон дастрасӣ пайдо мекунанд

Тариқи телевизиони Русия хабар доданд, ки хориҷиҳо дар Русия метавонанд аз хадамоти тиббии ройгон дар асоси бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русиягиҳо бархӯрдор бошанд. Вале дар он ҷо мушаххас нагуфтанд, ки оё муҳоҷирон низ аз ин хизматрасонӣ бархӯрдоранд ё не?

Воқеан, Думаи давлатии Русия қонун дар бораи фонди ягонаи иҷтимоиро қабул кард, ки тарифҳои ягонаи пардохтҳои суғуртавӣ барои нафақаи ҳатмӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва тиббиро фаро мегирад.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ зимни шарҳи қонун изҳор дошт, ки аз соли 2023 тарифҳои ягона муқаррар карда мешаванд. Таъкид шудааст, ки ин қонун нисбати муҳоҷирони корӣ низ татбиқ хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, коргарони хориҷӣ дар Русия метавонанд дар чаҳорчӯби бимаи тиббии ҳатмӣ дар баробари русҳо аз хидматҳои тиббӣ ройгон истифода баранд. Зимнан, Ярослав Нилов, раиси кумитаи соҳавии парлумони Русия оид ба сиёсати иҷтимоӣ тавзеҳ дод, ки “туризми тиббӣ” вуҷуд нахоҳад дошт. Вай афзуд, ки муҳоҷирон танҳо се сол пас аз пардохти ҳаққи бима аз корфармоёнашон ба таври умумӣ муолиҷа хоҳанд шуд. То он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коргар ройгон дастрас хоҳад буд.

Инчунин, бар асоси қонуни мазкур аҳолӣ ҳаққи бештар ба рухсатӣ барои табобат хоҳанд дошт. Шахсоне, ки аз рӯи шартномаи ҳуқуқӣ – шаҳрвандӣ кор мекунанд, метавонанд барои рухсатӣ дар робита ба вазъи саломатӣ муроҷиат кунанд. Аз ҷумла барои ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак то 1,5 сол маблағ мегиранд. Зикр шудааст, ки ин ислоҳоти иҷтимоӣ дар доираи тарҳи таъсиси Хазинаи иҷтимоӣ дар Русия сурат мегирад. Ҳадафи он эҷоди як платформаи рақамӣ мебошад, ки тамоми системаҳои иттилоотии дар соҳаи иҷтимоӣ мавҷудбударо муттаҳид мекунаду барои беҳбуди кор дар ин самт мусоидат менамояд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...