Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Васиятномаи Имоми Аъзам ба шогирди Абўюсуф

Давомаш…

79. На тамаъкор бош, на дурўғгў ва на касе, ки суханонаш мардумро парешон мекунад, балки дар тамоми корҳо мурувватро нигоҳ дор.

80. Ҳамеша либоси сафед пўш.

81. Қалбан ҳамеша бениёз бош, аз худ ҳирсу рағбати камтаре ба дунё нишон бидеҳ, бо вуҷуди муҳтоҷ будан худро ҳамвора бениёз ҷилва бидеҳ, ҳаргиз фақру тангдастии худатро зоҳир макун, агарчи фақиру тангдаст бошӣ.

82. Ҳиммати баланд дошта бош, зеро касе, ки ҳимматаш заиф бошад, қадру манзилаташ кам мегардад.

83. Ба роҳе, ки меравӣ, ин тарафу он тараф нигоҳ макун, ҳамеша заминро нигоҳ кун.

84. Ҳар гоҳ ба ҳаммом рафтӣ, дар нишастан ва уҷраи ҳаммом худатро бо мардуми авом яксон магардон, балки дар саффи интизор дар ҷои муносибтаре бинишин ва аз он андозае, ки мардум музд медиҳанд, ту бештар бидеҳ, то мурувватат дар миёни онҳо ошкор шавад ва туро эҳтиром кунанд.

85. Агар ба порчабоф ё рангрез ё ба дигар касоне, ки ба чунин корҳо машғуланд, эҳтиёҷ пайдо кардӣ, худат шахсан пеши онҳо марав, балки фарди боэътимодро, ки ба вай бовар дорӣ, интихоб кун, то ки ин гуна корҳоро бароят анҷом диҳад.

86. Ҳаргиз аз мардум молиёт магир.

87. Пулҳоро ба дасти худ нашумор, балки ин корро ба каси дигаре вогузор кун.

88. Дунёро, ки дар назди аҳли илм ҳақир аст, ночизу беарзиш бидон, зеро он чи дар назди Худост, аз ин дунёи фонӣ беҳтар аст.

89. Корҳои шахсии интизомии худро ба каси дигаре вогузор кун, то бо хотири ҷамъ ба омўзиши илм машғул шуда тавонӣ ва ба ин восита мақому ҷойгоҳат дар назди мардум маҳфуз бимонад.

90. Бо девонагон ва бо уламое, ки аз услуби мунозира ва истидлол бехабаранд, суҳбат накун, ҳамчунин бо касоне, ки фақат барои изҳори шахсияташон ба талаби илм мепардозанд ва ҳадафи онҳо аз баҳсу мунозира ва ба миён кашидани масоил дар назди мардуми авом ин аст, ки обрўи туро бирезанд ва туро шарманда кунанд, агарчи медонанд, ки ту барҳаққӣ, боз ҳам дар баробари ҳақ таслим шудан намехоҳанд.

91. Агар бо афроди зирак ва шахсиятманде бархўрдӣ, ки онҳо аз ту таълим нагирифтаанд, ту худатро дар назари онҳо бузург ҷилва мадеҳ, то ин ки осебе ба ту нарасад.

92. Агар дар миёни ҷамъе аз мардум будӣ, худат барои имомати намоз пеш марав, магар ин ки онҳо ба поси эҳтиром туро пеш дароранд.

93. Ҷуз ҳангоми субҳ ё пешин ба ҳаммом марав.

94. Дар истироҳатгоҳҳои умумӣ зоҳир машав.

95. Агар медонӣ, ки султон ё ҳокимони вақт зулмеро дар фалон вақт анҷом медиҳанд, дар он вақт ба назди онҳо марав, магар бидонӣ, ки аз рўи насиҳату хайрхоҳӣ чизе ба онҳо бигўӣ, мепазиранд, чунки агар онҳо дар ҳузури ту кори номашруъеро анҷом диҳанд ва ту онҳоро аз он боздошта натавонӣ, мардум ин корашонро дуруст гумон хоҳанд кард, зеро ту дар он ҳангом ҳозир будӣ ва сукут кардӣ.

96. Дар маҷлисҳои илмӣ аз рўи хашму ғазаб амал накун.

97. Қиссагўӣ ва достонсароӣ макун, чунки достонсаро аксар вақт маҷбур аст, ки дурўғ бигўяд.

98. Ҳар гоҳ хостӣ, ки барои касе аз аҳли илм маҷлиси илмӣ баргузор кунӣ, агар мавзўъи он илми шаръӣ бошад, худат шахсан дар он ҳозир шав ва суханони ўро дуруст ташхис дода, аз бар кун ва бозгў намо. Агар дидӣ, ки он шахс олиму фақеҳ нест, чунин маҷлисе баргузор макун ва агар баргузор шуд, ту дар он ширкат маҷў, то мардум гумон накунанд, ки ў олими барҷаста ва бузурге аст, дар ҳоле ки чунин нест. Агар дидӣ, ки олиме салоҳияти фатво дорад, ўро ба мардум муаррифӣ кун, агар салоҳият надорад, дар маҷлисаш манишин, то дар ҳузурат дарс диҳад, балки фарди муътамадеро ба маҷлиси ў бифирист, то ин ки туро аз тарзи гуфтугў ва ҷойгоҳи илмияш огоҳ намояд.

99. Дар маҷлисҳои зикри аҳли бидъат ва суханрониҳои онҳо, ки мехоҳанд бо истифода аз шахсияти ту маҷлисҳояшонро машҳур кунанд, ширкат маҷў, балки аҳли маҳалла ва дигар касоне, ки ба онҳо эътимод дорӣ ё яке аз шогирдонатро ба маҷлисашон бифирист.

100. Ҳамеша хутбаи никоҳ, намози ҷаноза, ҷумъа ва идайнро ба хатиби минтақа вогузор кун.

Дар поён аз ту мехоҳам, ки маро дар дуои хайрат фаромўш накунӣ ва ин мавъизаро аз ман бипазирӣ, зеро ин васияти ман ба нафъи ту ва бақияи мусулмонон аст.

Ин буд васиятномаи Имоми Аъзам Абўҳанифа ба шогирди бовафояш қозилқузот Имом Абўюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ .

Давом дорад

Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абўҳанифа

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Саволу ҷавоб

Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам...