Интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ зери назорат гирифта мешавад

Интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ зери назорат гирифта мешавад

Дар Тоҷикистон интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ зери назорат гирифта мешавад. Дар сурати исбот шудани хусусияти тиҷоратӣ доштани интиқолҳо тариқи ҳамёни электронӣ аз маблағи мазкур андоз супурдан лозим меояд.

Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ҳанӯз 1-уми апрел дар ин хусус ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуда, Вазорати адлияи кишвар санаи 16-уми апрел онро тасдиқ кардааст. Интиқол байни ҳамёнҳои электронии шахсони воқеӣ метавонад амалиёти тиҷоратӣ ҳисобида шавад, агар мунтазам сурат бигирад. Дар ҳолати ворид шудани зиёда аз 10 пардохт дар як шабонарӯз ё 80 пардохт дар як моҳ тариқи ҳамёнҳои электронии гуногун ба ҳамёни электронии як шахс маълумоти мазкур ба мақомоти андоз фиристода мешавад. Мақомоти андоз дар зарфи 10 шабонарӯз онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, агар исбот шавад, ки шахс бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, интиқолҳои мунтазам хислати тиҷоратӣ доранд ва пул бо мақсади пардохти хизматрасонӣ ё арзиши мол гузаронида шудааст, соҳиби ҳамён ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта мешавад. Маълумоти мазкур тариқи утоқи шахсии андозсупоранда ба худи шахс фиристода шуда, минбаъд аз тамоми маблағҳои тариқи ҳамёни электронӣ воридшуда андоз супурдан лозим меояд.

Мақсади зери назорат гирифтани интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ фош намудани ҳолатҳои пинҳон кардани даромад ва пардохти маблағи мол ва хидматрасониҳо на тариқи хазинаи расмӣ, балки бо воситаи ҳамёни электронӣ мебошад. Қоидаҳои нав пас аз бақайдгирии давлатӣ ва нашри расмии эълон дар бораи зери назорат гирифтани пардохтҳо тариқи ҳамёни электронӣ эътибор пайдо мекунанд.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...