Дар Русия қоидаҳои нави марбут ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ қабул шуданд

Дар Русия қоидаҳои нави марбут ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ қабул шуданд

Думаи давлатии Русия қонунеро дар бораи сахттар кардани талабот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар хониши дуюм ва сеюм қабул кард. Тибқи тағйирот, муҳоҷироне, ки назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, бояд пешпардохти андоз аз даромадро анҷом диҳанд. Ҳамчунин онҳо бояд имкони таъмини молиявии худ ва аъзои оилаашонро мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда нишон диҳанд. Инчунин фарзандони онҳо метавонанд танҳо то замони амал кардани иҷозаи кори падар ё модарашон дар кишвар бимонанд. Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ, дар давоми 30 рӯз бояд иҷозаи кори мустақил гиранд ё Русияро тарк кунанд. Илова бар ин, муҳоҷирони корӣ вазифадор мешаванд, ки ҳар сол ба мақомоти дахлдор маълумот дар бораи даромад ва пардохти андоз пешниҳод кунанд.

 

(«Оила.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...