Ҷасади сарбози тоҷикистонӣ пас аз 84 сол пайдо шудааст

Ҷасади сарбози тоҷикистонӣ пас аз 84 сол пайдо шудааст

Пайкари Розӣ Сафар Нозимов, сарбози тоҷик, ки дар ҳайати нерӯҳои Иттиҳоди шуравӣ алайҳи Олмон ҷангида ва дар соли 1941 кушта шудааст, пайдо гардидааст. Дар назар аст, аҷсоди боқимондаи ӯро ба Тоҷикистон оварда, ба хок месупоранд.

Вай ҳамчун маллоҳи пиёдагарди артиши Шӯравӣ буда, соли 1941 дар шаҳри Севастополи Ҷумҳурии Қрим кушта шудааст. Ҷасади ӯ то кунун бедарак будааст.

Ҷасади сарбози тоҷикистониро аз ханадкҳои деҳаи Айвовоеи ноҳияи Боғчасарой пайдо кардаан. Дар ин бора 9 - уми декабр волии Севастопол Михаил Развожаев дар саҳифаи “Телеграм”-и худ хабар додааст:

“Дар хандақ боқимондаҳои ҷасади ду ҷанговар ёфт шуданд. Аз яке аз онҳо медали хуб ҳифзшуда пайдо шуд, ки ба воситаи он шахсияти ҷонбохта дарҳол муайян гардид. Ӯ маллоҳи артиши сурх Розӣ Сафар Нозимов, соли таваллудаш 1917 мебошад, ки аз 7-уми ноябри соли 1941 бедарак будааст”.

Ба гуфтаи манбаъ, хешовандони ин сарбозро дар Тоҷикистон пайдо кардаанд ва пайкараи ӯро дар шаҳри Ваҳдат писари бародараш ба хок месупорад.

Дар ҷанги солҳои 1941-1945 шумораҳои дақиқ пурра яксон нестанд, вале тибқи оморҳои расмии Русия ва муассисаҳои таърихӣ тахминан 35 млн нафар дар ҷанг иштирок кардаан, ки аз инҳо 4,5 млн нафарашон бедарак гаштанд.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...