Сафир бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ кард

Сафир бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ кард

 

 

8-уми январ Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таҳсил мекунанд, мулоқот намуд.

Сафир дар ин нишаст таъкид кардааст, ки дар сиёсати давлатӣ масъалаҳои зерин: таъмини зиндагии шоиста ба мардум, ҳифзи амният ва волоияти қонун, дастгирии маориф ва тандурустӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ афзалият доранд.

Гулмаҳмадзода ба дониш-ҷӯён таъкид кард: “Касбҳои интихобкардаи онҳо дар Тоҷикистон бисёр зарур аст. Аз имкониятҳо барои омӯхтани илм ва забонҳои хориҷӣ самаранок истифода баранд. Ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва аз экстремизм дурӣ ҷӯянд. Инчунин қонунгузории кишвари мизбонро риоя намоянд”.

 

 

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...