АХБОР

АХБОР

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад !

«Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст»

Эмомалӣ Раҳмон

Баргузории Рӯзи забон

Забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, нишони ҳастии миллату давлат шинохта шудаааст. 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлатиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” - ро қабул кард 5 октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонуни номбаргардида он ба амал даромад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.10.09 с., № 699) эълон шудааст. (Википедия)

Чаро вуруди хориҷиён ба Россия мамнӯъ мешавад

Дар Россия сабабҳои маъмултарини манъи вуруди хориҷиён номбар шуд, хабар медиҳад РИА НОВОСТИ. Маълум шуд, ки аксар вақт Вазорати корҳои дохилии Россия вуруди шаҳрвандони хориҷиро барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии чандкарата, ки дар гузашта амалӣ шудааст, манъ кардааст. Маҳз бинобар такрори қонуншикании маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия дар соли 2021 бисёр муҳоҷирон ба кишвар роҳ дода нашуданд. (Спутник.)

Гиряи тифл аз тобут

Охир, зан 23 соат пеш мурда буд ва аз ин 17 соат ҷасади зан дар яхдони сардхона буд. Ҳама дар ҳолати шокӣ қарор доштанд, ки чӣ гуна кӯдак бе оксиген зинда мондааст. Дар ҳаёт баъзе ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки ба ҳар гуна шарҳ сарфи назар мекунанд. Ва ин парванда яке аз онҳост. Ҳодисаи беназир дар Торонто рух дод – таваллуди кӯдак дар тобут. Ин ҳодисаро ғайр аз мӯъҷиза чизи дигаре номидан мумкин нест. Аз ҳама ғамангез он аст, ки зане, ки 7 -моҳа ҳомиладор буд, барои ҳолати кӯдакашро донистан ба беморхона рафт, аммо дар роҳ назоратро аз даст дод ва ба садамаи мудҳиш дучор шуд, ки дар натиҷа вай аз захмҳои сершумори сар ва қафаси сина дар беморхона ҷон дод. Духтурон марги модар ва ҳам кӯдакро он замон эълон карданд. Ҷасадро пас аз морг (сардхона) хешовандонаш ба хона оварданд… Рӯзи дигар, ҳангоме, ки ҷанозаро ба хок месупориданд, яъне ҳангоми дафн, ногаҳон гиряи кӯдак шунида шуд.

Ва ин гиря ҳамаи он ҷо будагонро мутаҳайир кард. Ва он гиря на аз ҷои дигаре , балки аз қабр омад! Вақте ки он ҷо будагон чунин як падидаи фавқулоддаро диданд, басо ҳайратовар буд! Охир, зан 23 соат пеш мурда буд ва аз ин 17 соат ҷасади зан дар яхдони сардхона буд. Ҳама дар ҳолати шокӣ қарор доштанд, ки чӣ гуна кӯдак бе оксиген зинда мондааст. Ин ҳодиса барои ҳама чун сирре боқӣ мемонад. Ҳатто табибе, ки марги занро изҳор дошт, натавонист ин зуҳуротро шарҳ диҳад: “Ман 22 сол боз ба ҳайси табиб кор мекунам вале чунинашро ҳеҷ вақт вонахӯрдаам…. Намедонам, агар ин мӯъҷиза набошад, пас онро чӣ ном барам!” Зане аз Торонто пас аз он ки ҷасадашро дар даруни тобут (гроб) ба зеризамин фуроварданд, кӯдак таваллуд кард. Кас дар ҳайрат мемонад, ки замоне ки зан фавтид чаро табибон зинда будани кӯдакро дарк накарданд. Зиндамондани кӯдак ҳамчун, як сирре боқӣ мемонад.

Сохтмонҳои Россия ба 200 ҳазор муҳоҷир ниёз доранд

Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ аз мушкили норасоии қувваи корӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Россия гуфта буд. Дар сохтмонҳои шаҳри Маскав ҳудудан 200 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ намерасанд, мегӯяд муовини мири ин шаҳр Владимир Ефимов. Ноиби шаҳрдор дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Известия” аз норасоии шадиди қувваи корӣ дар сохтмонҳои Маскав изҳори назар кард. “Ин мушкилӣ имрӯз ҳам ҷой дорад. Ҳоло дасти кам 200 ҳазор муҳоҷир дар сохтмонҳо намерасад.

Мо умедвор ҳастем, ки дар ояндаи наздик маҳдудиятҳои вуруди онҳо ба Россия сабуктар мешаванд”, – афзудааст ӯ. Ба гуфтаи ӯ, норасоии захираҳои меҳнатӣ ба он оварда расондаст, ки корфармоён аз ҳамдигар коргарҳоро мехаранд. Ӯ мегӯяд, ин раванд оқибати хуб надорад, чун арзиши хизмати коргарон метавонад афзоиш ёбад. Чанде пеш мири шаҳри Маскав, Сергей Собянин гуфта буд, ки норасоии муҳоҷирон бинобар пандемия таваррумро ба таври назаррас боло бурдааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори дастгоҳи пойтахт таъкид кард, ки норасоии қувваи корӣ (бахусус дар сохтмонҳо) на аз сабаби кам будани муҳоҷирон, балки аз сабаби зиёд будани худи сохтмонҳо эҳсос мешавад. Ёдовар мешавем, ки бо авҷ гирифтани маризии коронавирус, муҳоҷирони корӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла муҳоҷироне, ки дар аввоили сар задани ин беморӣ аз Россия берун рафтанд, то як муддат имкони бозпас баргаштанро натавонистанд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...