Наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мераванд

Наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2025 мераванд

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози то 17-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2025 дар гуруҳи худ бо ду пирӯзӣ якум шуд ва ба даври нимниҳоии ин мусобиќа ва марҳилаи финалии Ҷоми ҷаҳон-2025 роҳ ёфт.

 

Пас аз он, ки наврасони Тоҷикистон дар бозии сеюми гурӯҳи бар ҳамсолони худ аз Эрон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд, дар гуруҳи худ бо шаш имтиёз зинаи аввалро гирифтанд. Баромадан ба даври чорякниҳоӣ соҳиб шудан ба роҳхати Ҷоми ҷаҳонии соли 2025 аст.

Дар бозии чорчкнихоӣ ҳарифи наврасони Тоҷикистон Куриёи Ҷанубӣ буд. Наврасони Тоҷикистон баъди 0:1 шудани ҳисоб, кӯшиш карданд ва дар давоми 3 даќиќа ду гол ба дарвозаи ҳариф заданд, аммо дар ваќти иловагӣ, дар дохили ҷаримагоҳ тӯб ба дасти яке аз муҳофизатгарони тоҷик бархӯрд ва довар аз Чин баъди муроҷиат ба VAR пеналтӣ таъйин кард. Ваќти асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 ба анҷом расид. Дар задани пеналтӣ бахт ба ҷониби дастаи Куриёи Ҷанубӣ буд — 5:3.

Қаблан наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тимҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Куриёи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда буданд.

Ҳамин тавр, дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷинӣ соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, шуд.

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...