Табиби тоҷик “Қаҳрамони халқии Доғистон” шуд

Табиби тоҷик “Қаҳрамони халқии Доғистон” шуд

Табиби тоҷик “Қаҳрамони халқии Доғистон” шуд

Табиби тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ “Қаҳрамони халқии Доғистон” шуд. Дар ин бора журналист Саидбурҳон Икромӣ бо нашри акси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи унвон хабар дод.

 

Аз шаҳодатнома бармеояд, ки унвони “Қаҳрамони халқии Доғистон”-ро Ҳаракати ҷамъиятии “Доғистони маҳ-буб” (Родной Дагестан) ва Фонди минтақавии “Афкори умум” (Народное мнение) санаи 9-уми сентябри соли 2023 ба Муллозуҳур Тоҳирӣ барои хизматҳои мондагор дар назди ҷамъияти гуногунмиллати Доғистон бо имзои Х. Т. Довудов додаанд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи тиби тоҷик, равонпизишк, кардиолог ва гиёҳшинос аст. Номбурда аз зумраи нафаронест, ки тиби анъанавиро бо гиёҳдармонӣ омехта, ба табобати беморон машғул аст.

Муллозуҳур Тоҳирӣ ихтироъкор низ ҳаст ва даҳҳо доруву малҳам ва нӯшобаҳоро барои табобати бемориҳои мухталиф ихтироъ кардааст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...