Дар мактабҳо дарси зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда мешавад

Дар мактабҳо дарси зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда мешавад  

Дар мактабҳо дарси зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда мешавад

Шуруъ аз 1-уми сентябри соли 2025 дар зиёда аз 100 мактаби кишварамон дарсҳои иловагии зеҳни сунъӣ - “Искуственний интелект” ҷорӣ карда мешаванд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар роҳандозӣ шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки дарси зеҳни сунъӣ ба рӯйхати дарсҳои ҳатмӣ ворид карда нашудааст, вале хонандагони синфҳои 10 ва 11 имкон доранд ҳафтае як маротиба ба таври ройгон нозукиҳои зеҳни сунъиро дар мактаб омӯзанд. Ин қадами нахустин буда, минбаъд ба барномаи мактабӣ боз як фанни нави дарсӣ - “Асосҳои зеҳни сунъӣ” ворид карда мешавад. Аз 100 мактабе, ки гузаронидани дарсҳои иловагии “Зеҳни сунъӣ” ба нақша гирифта шудааст, 60 мактаб дар пойтахт ва 40 мактаб дар шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ қарор доранд. Дарсҳои зеҳни сунъӣ дар мактабҳои дорои шароити хуби таълимӣ, синфхонаҳои бо тахтаҳои интерактивӣ, компютерҳои замонавӣ ва суръати баланди интернет таъмин ва сатҳи дониши хонандагонашон аз фанни математика хуб роҳандозӣ карда мешаванд. Тибқи барномаи “Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040” дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон то соли 2028 бояд ҳатман таълими фанни “Зеҳни сунъӣ” ба роҳ монда шуда, донишу маърифати ҷавонон дар ин ҷода баланд бардошта шавад.

 

«Фирӯза Саттори»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...