Паёмбаратро мешиноси?

Паёмбаратро мешиноси?

Паёмбаратро мешиноси?

Бо дуруд хонандагони азиз ва арҷманд! Мо имрузҳо дар моҳи мубораки “Рабиул аввал” қарор дорем, ки дар ин моҳи муборак Ҳабибу Худо ﷺ ба дунё омадан ва мо бояд кушиш кунем, ки зиётар дар бораи зиндагии Расуллуллох ﷺ омузем.

 

Даврони зиндагонии паёмбар ﷺ бар мо баён мекунад, ки махсусан барои ба покизагии ахлоқ, рафтори наку дар оила ва ҷамъият, ҳозир будан дар кумаки ҳоҷатмандон, тарғибу ташвиқ дар илмомузӣ даъват намудани ҷавонон намунае хубест.

Беҳтарин вақтҳое ки мо сипари мекунем ва худро машғули он месозем ин хондан ва саиру гашт дар сирати набави ва рӯзҳои зиндагии Муҳаммад ﷺ аст. Чун инсон саргузашти Паёмбар ﷺ -ро мехонад, ҳис мекунад, ки дар он замон зиндаги карда истодааст ва гуё ҳамаи он ҳодисаҳои бузурге, ки мусулмонон дар он замон аз сарашон мегузарониданд, онҳоро дар он ҳодисаҳо ҳамроҳӣ мекунад, ҳатто ҳис мекунад, ки яке аз онҳост.

Хонандагони азиз, ман дар саҳифа 4-ум каме аз саргузашти паёмбар ﷺ -ро ҷамъоварӣ кардам ва мақсадам ин аст, ки бародарону хоҳарони мусалмоне, ки дар ин бора маълумоти камтаре доранд, барояшон роҳи ба сӯи хондану маълумоти зиёдтар гирифтанро боз кунам. Парвардигоро моро аз нӯшидани ҳавзи “Кавсар” аз дастҳои Хабиби Худо ﷺ маҳрум нагардон. Омин.

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...