Раҳими Ғармӣ ба 22 оилаи ниёзманд хона туҳфа кард

Раҳими Ғармӣ ба 22 оилаи ниёзманд хона туҳфа кард

Овозаи ба бесарпаноҳе хона туҳфа кардани тоҷире бо номи Раҳим (азбаски зодаи ноҳияи Рашт аст, ба номаш нисбаи ғармиро илова кардаанд) сарусадои зиёде барангехт. Аксарият аз ин иқдоми ҷавонмардонаи Раҳим хушнуд шуда, дар ҳақаш сиголишу орзуҳои зиёде низ доранд, аммо гуруҳе пайдо шуданд, ки ӯро танқиду накуҳиш доранд.

Ин гуна мавқеъгириҳо дурусту аз рӯйи мантиқе нест. Чаро? Раҳим ба бехонае ёрӣ кард, метавонист накунад, чунки пулу моли худашу ихтиёр дасти хеш. Ба молу ҳоли каси дигар назари бад кардан аз тақозои ахлоқ нест. Носазо гуфтан дар ҳаққи касе, ки як одами дигарро дастгир шудааст, нишонаи тангназарист.

Баръакс, гумонам, ӯро хеле зиёд бояд ситойишу тавсиф кард, ки чунин олиҳимматӣ дорад. Як вазъи санҷидашудаи равонӣ (аз нигоҳи илми равоншиносӣ) пеш меояд, ки Раҳим аз ин дастгириҳо ва истиқболи гарми мардум хушнуду руҳбаланд шуда, баъдан ба ёрмандии қишрҳои дигар бо дилу нияти нек машғул хоҳад шуд. Бовар дорем, ки ба садҳо мардуми камбизоъат, ба занони эҳтиёҷманд, ба пирони барҷомонда, ба ҷавонони доништалаб, ба маъюбону дардманд, ба аҳли илму фарҳанг… дасти сахояш хоҳад расид.

Соҳибкори тоҷик Раҳим Бобоҷонов, ки миёни мардум ҳамчун Раҳими ғармӣ машҳур аст, дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба 22 оилаи ниёзманд манзили истиқоматӣ ҳадя кард. Дар ин бора номбурда дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев хабар дод.

Орзу Исоев, ки дар маросими ҳадяи хонаҳо дар тарабхонаи “Бурак”-и шаҳри Душанбе ровӣ буд, гуфт: “Ба қарибӣ соҳибкор Раҳим Бобоҷонов ба 20 нафар оилаи ниёзманд хона ҳадя кард. Ростӣ, Раҳим намехост, ки мо хайри ӯро дар фазойи хабарӣ ба мардум расонем, вале ман ва ҳунарманд ва саҳифадор дар сомона (блогер)-и гуруҳи Арабшо-Саъдӣ Исмоилов ва Қурбон Неъматов пофишорӣ кардем, ки аз ин ташаббуси ӯ ҷомеаро огоҳ созем”.

Баъдан, Орзу Исоев аз Раҳим суол кард, ки инсонҳои ниёзмандро чӣ гуна интихоб кард. “Мо шахсони ниёзмандро ба се гуруҳ ҷудо кардем: муҳтоҷ, муҳтоҷтар ва муҳтоҷтарин ва ба ҳамин гуруҳи сеюми муҳтоҷтарин 20 хона ҳадя кардем.”-мегӯяд, Раҳим Бобоҷонов.

Номбурда гуфт, ки дар давлатҳои ҷаҳон кӯмак кардан ба табақаи ниёзманд як кори маъмулӣ аст.

Ҳамчунин, Раҳим Бобоҷонов дар ду ҳафтаи гузашта ба ду ҳунарманди тоҷик – Бахтиёр Раҳимов роҳбари гуруҳи ҳаҷвии “Ғарибшо” ва Гулбаҳор Ғаффорова ҳунарпешаи театр-студияи “Хандинкамон” низ манзили зист дода буд. “Ин ду нафар дар рӯйхати мо набуданд, вале чун мушкилашон расонаӣ шуд, қарор додем, ки ба онҳо низ кӯмак кунем, зеро онҳо барои мардум хизмати зиёд кардаанд” – гуфт, Раҳим Бобоҷонов.

Яке аз оилаҳое, ки Раҳими Ғармӣ онҳоро соҳиби хона кард оилаи Раҳматулло Раҳимов ва ҳамасараш Гулбибӣ мебошанд, ки дар зиндагӣ танҳо мондаанд. Ягона фарзандашон аз олам даргузашт ва солиёни дароз азоби бехонагӣ доштанд.

“Ҳашт сол дар як корхона кору зиндагӣ кардем. Ман посбон будам ва ҳамсарам фаррош, вале дар пирӣ бесарпаноҳ мондем. Раҳмат ба Раҳим, ки моро соҳиби хона кард”-мегӯяд, Раҳматулло Раҳимов.

Раҳим Бобоҷонов мегӯяд, ки 20 оилаи ниёзманд аз як минтақа набуда, балки аз гӯшаву канори кишвар ҳастанд.

Хулоса, Раҳими ҳамшаҳрии моро офарин бояд хонд, ки дар роҳи накӯкорӣ боз ҳам руҳбаланд гардад.

Ҳафиз Раҳмон

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...