Исфара. Як нафар барои фурӯхтани адабиёти динӣ ҷарима шуд

Исфара. Як нафар барои фурӯхтани адабиёти динӣ ҷарима шуд

Суди шаҳри Исфара як нафарро бо гуноҳи фурӯхтани адабиёти динӣ зиёда аз 4 ҳазор сомонӣ ҷарима баст. Гуфта мешавад, ки ин нафар адабиёти динии бидуни иҷозаро фурӯхтааст.

Номи муҷрим дар хабар гуфта намешавад, вале зикр шудааст, ки ӯ дар бозори марказии Исфара ба савдои адабиёте машғул буд, ки “фурӯш ва паҳн карданаш бе ҳуҷҷати расмии диншиносӣ манъ аст.” Номгӯйи адабиёт ҳам гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки аз шаҳрванд ҳафт китоб мусодира ва барои нигоҳдорӣ ба Кумитаи дин фиристода шуд: “Вақте адабиёти динӣ бе санҷиш… паҳн мешавад, ин эҳтимол дорад, ки ҳамвора хатарҳои идеологӣ ва экстремистӣ дар байни ҷомеа ҷой мегиранд.”

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 2009 фурӯш ва таблиғи адабиёти динии бидуни хулосаи Кумитаи дин манъ аст.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...