Табрикоти муҳаррир

Табрикоти муҳаррир

Ассалому алайкум, хонандагони арҷманд ва ҳамватанони азиз!

 

Дилҳоямон пур аз шукр, рӯҳоямон пур аз сурур. Худовандро бепоён сипос мегӯем, ки моро то ин дам зинда нигоҳ дошт, то бори дигар ин айёми фараҳбахшро дарк намоем.

Рамазон рафт, аммо файзу баракоти он дар дилҳоямон боқӣ монд. Мо кӯшидем, то дар ин моҳи пурфайз рӯҳи худро бишӯем, ахлоқи неки дар вуҷуди хеш ҷой диҳем. Инак, натиҷаи ин кӯшишҳо – Иди Фитр, рӯзи пирӯзии рӯҳ бар тан, рӯзи бахшоиш ва меҳрубонӣ.

Дар ин рӯзи фараҳбахш дуо мекунам, ки Парвардигори олам тамоми тоату ибодати моро дар ин моҳи шариф ба даргоҳи хеш қабул намояд. Бигзор рӯзаҳоямон, намозҳоямон, дуоҳои шабзиндадорӣ ва дигар амалҳои некамон мақбули даргоҳи Ӯ гардад ва савоби онҳоро чандин баробар созад.

Орзуи дилам он аст, ки он ахлоқи ҳамида ва некӯе, ки дар ин моҳи муборак касб кардем, дар тамоми фаслҳои умри мо боқӣ монад ва ҳеҷ гоҳ аз ёдамон наравад. Ва он гуноҳону амалҳои нописанд, ки аз онҳо дар ин моҳ даст кашидем, ҳаргиз дигар ба суроғамон наёянд.

Шукр, ки Иди Рамазон омад,

Вале ҳайф, ки он моҳи пур аз нуру баракат рафт.

Аз Худованди бузург мехоҳем, ки ба шарофати ин моҳи муборак кишвари мову шуморо аз ҳама гуна офатҳои замона – ҷангу низоъ, бадбахтӣ ва мусибат дар паноҳи хеш ҳифз намояд. Омин, ё Раббал Оламин!

Боз як бор ба ҳамаи шумо, хонандагони гиромӣ, Иди мубораки Фитрро табрик гуфта, хушбахтӣ, саломатӣ ва рӯзгори пур аз баракатро аз Худованд таманно дорам.

Идатон муборак!

 

Бо эҳтиром,

Муҳаммадфарух Азимов

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...