Дар моҳи май 10 рӯз истироҳат!

Дар моҳи май 10 рӯз истироҳат!

Дар Тоҷикистон моҳи майи соли равон 10 рӯз истироҳат пешбинӣ шудааст.

 

Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ин бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ид аст.

Гуфта мешавад, ки дар арафаи солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳрвандони Тоҷикистон 3 рӯз пайиҳам — 9 то 11 май истироҳат хоҳанд кард.

Рӯзи 1 май, ки қаблан дар Тоҷикистон таътил буд, бидуни истироҳат хоҳад гузашт.

Дар Тоҷикистон соли 2016 Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ислоҳ ва тасдиқ шуд, ки ба ҷашни Рӯзи 1 май низ рабт дошт.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, 1 май дар ҷумҳурӣ рӯзи ид шуморида шуда, аммо бе рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Дар баробари Рӯзи Ғалаба, ки барои сокинони Тоҷикистон истироҳат мебошанд, бархе аз идҳои касбӣ дар моҳи май бидуни таътил ҷашн гирифта мешаванд. Дар ин феҳрист 1 май — Рӯзи байналмиллалии якдилии меҳнаткашон, 4 май — Рӯзи кормандони мақомоти андоз, 7 май — Рӯзи радио ва кормандони соҳаи алоқа, 12 май — Рӯзи шашмақом, 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 28 май — Рӯзи қӯшунҳои сарҳадӣ ва ғайра мебошанд. (Пресса. Тч)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...