Ҷашни 700 – солагии Ҳофиз

Ҷашни 700 – солагии Ҳофиз>

Ба ифтихори 700-солагии шоири классики адабиёти форсу тоҷик Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Ин чорабинӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» баргузор шуд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи намоиш Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО Лидия Брито суханронӣ намуда, аз мақому манзалати Ҳофиз ва нақши ӯ дар рушди адабиёти ҷаҳонии форсу тоҷик ёдовар шуданд.

Дар намоиш нусхаҳои нодири хаттии «Девони Ҳофиз» аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуданд. Ин нусхаҳо дорои аҳамияти хосси илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд.

Ҳамчунин, намунаҳои нодири ҳунари хушнависӣ ва санъати миниётурасозӣ, ки аз ҷониби рассоми маъруфи тоҷик Олимҷон Комилзода бо илҳом аз ғазалиёти Ҳофиз офарида шудаанд, бахши муҳими намоишро ташкил доданд.

Илова бар осори хаттӣ, тамошобинон имкони дидани намунаҳои гуногуни ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ, аз ҷумла сӯзаниҳо, атласу адрас, мисгарӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал ва дигар навъҳои мероси миллии фарҳангиро низ пайдо карданд.

Ҳадафи асосии намоиш арҷгузорӣ ба осори бебаҳои Хоҷа Ҳофиз ва муаррифии мероси фарҳангии мардуми тоҷик дар маркази фарҳангии Аврупо мебошад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...