Ихроҷи 466 муҳоҷир дар 4 рӯз

Ихроҷи 466 муҳоҷир дар 4 рӯз

Ихроҷи 466 муҳоҷир дар 4 рӯз

Баъди ҳамлаи хунини рӯзи 22-юми марти соли 2024, дар байни ҳамагӣ 4 рӯз аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия 466 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд.

 

Даря Лебедева, раҳбари хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 30-юми марти соли 2024 хабар дод, ки аз 25 то 29-уми март ба додгоҳҳои ин шаҳр 584 парванда оид ба поймол кардани қонунҳои муҳоҷират супурда шуд ва 515 парванда алакай баррасӣ шуда, дар умум беш аз 300 қарор дар мавриди ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия содир карда шуд. “Қарори додгоҳҳо чунин аст: 418 вайронкунандаи қонунҳои муҳоҷират ҷарима баста шуда, ҳукми ихроҷашон низ бароварда шуд. 48 нафари дигар бояд ҷарима супурда, худашон мустақилона қаламрави Русияро тарк кунанд. Парвози мустақилона, вале зери назорати онҳо аз Русия бояд дар зарфи 5 рӯз аз замони қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми ихроҷашон сурат бигирад”,- хабар додааст Даря Лебедева.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...