Сафари бераводид ба 27 кишвар

Сафари бераводид ба 27 кишвар

Бо шиносномаи тоҷикӣ шаҳрвандон имкон доранд, ки бе раводид ба 27 кишвар ва бо раводид дар марз ба 46 давлат сафар кунанд. Барои сафар ба 125 кишвари дигар, қабл аз сафар раводид зарур аст.

 

Тоҷикистон дар радабандии «Global Passport Power Rank 2025» бо 73 имтиёз дар ҷойи 72-юм қарор гирифтааст.

Дар Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо 96 хол пешсаф аст. Шаҳрвандони он бе раводид ба 46 кишвар ва бо раводид дар марз ба 50 давлат сафар мекунанд.

Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо 78 имтиёз дар зинаи 68-уманд, дар ҳоле ки Туркманистон бо 68 хол дар ҷойи 76-ум аст.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб бо 180 имтиёз пешсаф буда, шаҳрвандонаш бидуни раводид ба 133 кишвар сафар мекунанд.

Испания ҷойи дуюм ва кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса ва Олмон дар зинаи сеюм қарор доранд.

Сурия, Афғонистон, Ироқ ва Сомалӣ дар зинаҳои охирини радабандӣ ҷой гирифтаанд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...