Қаҳрамонӣ асрҳо зинда мемонад

Қаҳрамонӣ асрҳо зинда мемонад

 

Гузашти вақт наметавонад аз хотири башарият мардонагӣ ва устувории халқи советиро, ки барои ҳифзи Ватани хеш бархоста буд, зудояд. Мо ба такрор рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватаниро ёдовар шуда мекӯшем, амиқтар дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвари советӣ сина сипар намуданд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ ҷонфидоёна заҳмат кашиданд, андеша ронем, хубтар дарк кунем ва тарғиб намоем. Муборизае, ки халқи советӣ бар зидди фашистони ғосиб мебурд, набарди одилона, озодибахш, набарди муқаддас буд.

Омили муҳими ғалаба, ваҳдат ва якмаром будани ҷабҳаву ақибгоҳ гардид. Корномаи синфи коргару деҳқон, зиёиёни советӣ якҷоя бо каҳрамониҳои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи ғалабаро наздик кард.

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мардуми Аврупо ва олам ранҷу азоби беандоза оварда, яке аз фоҷеаҳои бузургтарин дар таърихи башарият ба ҳисоб меояд.

22 – июни соли 1941 Германия бо муттаҳидонаш Италия, Венгрия, Руминия, Финляндия ва Словакия ба СССР ҳуҷум кард. Ғалаба бар миллатгароён бисёр гарон афтод. Ба гирдоби ҷанг 72 давлат кашида шуд ва бештар аз 55 млн. нафар ҳалок гардид. Дар шумори қурбониён 27 миллион шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҷанг хисороти бузург овард.

Талафоти Тоҷикистон дар ҷанг зиёд буд: бештар аз 300 ҳазор фиристодагони ҷумҳурии мо дар майдонҳои набард ҷонбозиҳову каҳрамониҳо карданд. Бештар аз 90 ҳазор шаҳид шуданд. Барои корнамоиву мардонагӣ дар набарди зидди фашизм 57 нафар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд ва 15 нафар дорандагони ордени Шараф гардиданд.

Солҳои ҷанг дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ва бемористонҳои Тоҷикистон 28 ҳазор маҷрӯҳон табобат мегирифтанд.

25 ҳазор сарбозону афсарон шифо ёфта ба ҷабҳа баргаштанд. Нафарони зиёде дар хоки Тоҷикистон манзили охират ёфтанд. Ба хотири онҳо дар баландиҳои қисмати шарқии Душанбе маҷмааи ёдбуд ва Чароғи фурӯзон бунёд шудааст.

Дар солҳои ҷанг мардуми мо бо вуҷуди мушкилоти зиёди зиндагии худ, барои таъмини сарбозон бо хӯрокворӣ, сарулибос ва дигар маводи зарурӣ рӯзу шаб нагуфта пайваста меҳнат мекард. Худ гуруснаву бараҳна, вале ҳама чизро ба ҷабҳа барои Ғалаба ва ояндаи дурахшон мефиристод. Бо гузашти солҳои зиёд арзиш ва азамати корномаи бемисли мардуми Тоҷикистон боз ҳам равшантар дар дилу дар ёдҳои мо нақш мегузорад ва чун намунаи ибрат зуҳур меёбад.

«Корнамоӣ ва ҷонфидоии модарону падарон моро даъват менамояд, ки Ватанамонро азизу гиромӣ дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем» – мегӯяд пешвои миллат ҷаноби оли Президенти кишвар дар Муроҷиатномаи худ ба ветеранҳои ҷанг.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯз афсонаи зинда ва намунаи хизмати фидокорона ба Ватан мебошанд. Онҳо ҷонбозиҳои зиёде карданд, то Иди 9 май ба яке аз зеботарин идҳо табдил ёбад.

Мо ворисон, ки Иди Ғалабаро ҷашн мегирем, пеши корномаҳои бемисли сарбозони Ватан сари таъзим фурӯд меорем. Сари таъзим фурӯд меорем пеши онҳое, ки тамоми сахтию маҳрумиятҳои солҳои ҷангро бар дӯш гирифта, ҳама ранҷу дарду азобҳоро пушти сар гузоштанд. Мо ворисон сари таъзим фурӯд меорем ва аҳсан мегӯем ба онҳое, ки Ватани харобазорро обод карданд ва бо ҳаёту зиндагии хеш нишон доданд, ки зиндагии насли музаффар чӣ гуна бояд бошад.

 

Мактаб.тж

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...