Забони тоҷикӣ асоси ҳастии миллати мост

Забони тоҷикӣ асоси ҳастии миллати мост

Забони тоҷикӣ асоси ҳастии миллати мост

Ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифода қарор гирифта, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суръати бештар пайдо кард. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар як суханронии худ масъалаи амалӣ намудани муқаррароти қонуни забонро вазифаи ҷонии ҳар шаҳрвандии кишвар эълон намуда, таъкид бар он доштанд, ки: “Вазифаи ҷонии мову Шумо аз он иборат аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатиро таъмин намоем, таҳқиқи илмӣ ва таълими ҳаматарафаи онро вусъат бахшида, забони гуворои ноби тоҷикиро аз олоишҳои бегонаю унсурҳои маҳаллӣ пок созем”.

Чунин муносибати самимонаи Пешвои муаззами миллат соҳибони забонро водор менамояд, ки барои рушду такмили забони давлатӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоянд, то ки ин забон ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне забони ҷавобгӯи ҳамаи ниёзҳои даврони истиқлол ва давлати мустақил табдил ёбад.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...