Муҳоҷир, эҳтиёт бош!

Муҳоҷир, эҳтиёт бош!

Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар зидди як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми дар маҳзари ом сафед кардани терроризм парванда кушодаанд. Хадамоти матбуоти Сарраёсати тафтишоти Санкт-Петербург рӯзи 28-уми марти соли 2024 хабар дод, ки ин ҷавони тоҷик дар шарҳҳояш дар Интернет ҳамлаи хунини дар шаҳри Красногорскро сафед кардааст.

 

Тафсилоти дигар дастрас нест. Дар сабти кӯтоҳе, ки ин ниҳод нашр кард, ҷавони тоҷик мегӯяд, ки “иштибоҳҳоямро ба гардан мегирам ва самимона изҳори пушаймонӣ мекунам”. Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшиноси тоҷики муқими Русия пас аз нашри ин видео бо нашри паёме муҳоҷиронро ба эҳтиёт даъват кард: “Мардум, чаро шумо ин қадар соддаед ва дар ҷаҳолат қарор доред? Коммент чӣ ба забони тоҷикӣ менависед, чӣ ба дигар забон, чӣ бо дигар телефону аккаунт, шуморо пайдо мекунанд ва аз ҷавобгарӣ намегурезед. Хусусан дар Русия. Ҳатто забони нимтоҷикии шуморо бо даҳҳо хатоӣ мефаҳманд (мисоли оддӣ дар навор). Бузургони муҳтарам, фарзандон ва ақрабои худро каме лаҷом бикашед!”.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...