Ғийбат ва суханчинӣ

Ғийбат ва суханчинӣ

Ғийбат ва суханчинӣ

Ҳақиқати ғийбат ва суханчинӣ

Бидон, Худои таоло туро муваффақ бигардонад, ки Паёмбар ﷺ гуфт: «Ғийбат ёд кардани бародарат бо чизест, ки барояш нописанд бошад». Гуфта шуд: «Ё Расулаллоҳ e, чӣ шавад, агар дар бародарам он чӣ мегӯям, мавҷуд бошад?» Гуфт: «Агар дар вай он чӣ мегӯӣ, мавҷуд бошад, пас ту ӯро ғийбат кардаӣ ва агар дар вай он чӣ мегӯӣ, мавҷуд набошад, пас ту ӯро буҳтон кардаӣ».

Аммо суханчинӣ (намима) дар миёни мардум бошад, ба мақсади дар байни онҳо фитна барангехтан, шариати мубин аз он шадидан барҳазар дорад, чунонки Паёмбар ﷺ гуфтааст: «Ҳароина, дар ғазаби сахтарини шумо назди Худои азза ва ҷалл онҳоеанд, ки доим дар пайи суханчинӣ ва ҷудоиандозӣ дар байни бародарон бошанд». Хатари ғийбат ва суханчинӣ Ғийбат ва суханчинӣ аз ҷумлаи сифатҳои зишт ва палидиҳои маънавӣ буда, наздик шудан ба ҳазрати қудси илоҳӣ бо онҳо ғайриимкон аст, ҳамчунонки наздик шудан дар ибодатҳо бо палидиҳои зоҳирӣ имкон надорад. Пас, соликро зарур аст, ки аз роҳи канораҷӯӣ нафси худро аз ҳамаи онҳо поксозӣ кунад, то ин ки наҷотро дар назди Худованд ﷻ ноил гардад, ҳамчунонки Ӯ таоло гуфт: «Дар ҳақиқат, ҳар кӣ нафсро пок сохт, наҷот ёфт» (Шамс,9).

Яъне: ба дурустӣ, наҷот ёфт он ки Худои азза ва ҷалл нафси ӯро пок сохт. Ғийбат ва суханчинӣ аз хатарноктарин монеаҳоест, ки садди роҳи мурид шуда, дар роҳи ӯ гузаргоҳҳои хайрро масдуд мекунад ва дарҳои қабулро ба рӯяш мебандад. Донишмандон таъкид кардаанд, ки хашми Худо ﷻ ба мурид ва табоҳшавии амали ӯ аз нигаристан ба айби мардум, лаб ба ғийбати онҳо кушодан ва онҳоро истеҳзо кардани ӯ ба вуҷуд меояд, ва пайравонашонро аз овоза паҳн кардан дар бораи лағжишҳои бародарони имонӣ ҷиҳати таҳқири онҳо барҳазар доштаанд. Шояд лағжишеро, ки аз онҳо воқеъ шуд, Худои таоло барояшон тақдир кардааст, то бо он шикофиеро, ки дар дини онҳо воқеъ шуда аз худбинӣ ё такаббурӣ, баста шавад ва дар асари он бо товба камоли онҳо ҳосил шавад.

Инро қавли Ибни Атоуллоҳ (қдс) таъйид мекунад: «Маъсияте, ки фурӯтаниву шикастанафсӣ дар пай дорад, беҳтар аст аз тоате, ки такаббур ва бузургворӣ ба дунбол оварад». Гуфторҳо дар бораи ғийбат ва суханчинӣ Аз мардони Худо ﷻ дар баёни зарар ва хатари ғийбат, зишт будани он дар назари солик каломи нафисе нақл шудааст, то ки ӯ аз он барҳазар ва аз зараре, ки дар он аст, дур бошад. Мо ин ҷо барои ту баъзе гуфтаҳоеро дар бораи ғийбат нақл мекунем, то ғофил ба ёд оварад ва ҷоҳил биомӯзад:

1. Паёмбар ﷺ гуфт: «Барои мард аз бадӣ ҳамин кофист, ки бародари мусулмонашро таҳқир намояд. Ҳамаи мусулмонон бар мусулмонон ҳаром аст: хунаш, молаш ва обрӯву шарафаш».

2. Боз Паёмбар ﷺ гуфт: «Аз ғийбат барҳазар бошед, ҳароина, ғийбат аз зино сахттар аст. Мард зино мекунад ва тавба мекунад, пас Худованд ﷻ тавбаи ӯро мепазирад, аммо ғийбаткунандаро намебахшад, то даме ки он киро ғийбат кардааст, набахшадаш».

3. Боз Паёмбар ﷺ гуфт: «Суханчин вориди биҳишт нашавад».

4. Боз Паёмабр ﷺ гуфт: «Оё шуморо аз бадтарини бандагони Худо ﷻ огоҳ созам? Гуфтанд: Оре. Гуфт: Онҳоеанд, ки доим дар пайи суханчинӣ ва ҷудоиандозӣ дар байни бародарон бошанд, бар бегуноҳон зулм раво бинанд».

5. Боз Паёмабр ﷺ гуфт: «Ҳар ки пардаи шармро афканд, пас ӯро ӯ ғийбат набошад».

6. Боз Паёмабр ﷺ гуфт: «Фосиқро ғийбат набошад».

7. Яке аз некукорон гуфт: «Масали онҳое, ки мардумро ғийбат мекунанд, чун касе аст, ки манҷаниқе рост карда, бо он некиҳояшро ба шарқу ғарб ҳаво медиҳад».

8. Савриро (раҳ) аз ин қавли Паёмбар ﷺ пурсиданд: «Ба дурустӣ ки Худованд ﷻ аҳли байти гӯштхӯронро душман медорад». Гуфт: «Онҳо касонеанд, ки мардумро ғийбат мекунанд ва гӯшти онҳоро мехӯранд».

9. Ҳасани Басриро (раҳ) гуфтанд: «Фулонӣ туро ғийбат кард». Ӯ ба он нафар табақе ҳалво фиристод ва гуфт: «Ба ман хабар расид, ки ту некиҳоятро бароям ҳадя кардаӣ, пас ман ба қадри имкон туро подош додам».

10. Назди Ибни Муборак (раҳ) аз ғийбат ёд карда шуд. Гуфт: «Агар ғийбаткунанда мебудам, пас падару модарамро ғийбат мекардам, чун онҳо ба некиҳои ман ҳаққи бештар доранд».

11. Имом Ибни Атоуллоҳ (қдс) гуфт: «Агар хоҳӣ ақли мардро биозмоӣи, пас ба вай бингар: чун шахсеро наздаш ёд кардӣ, агар ӯро дарёфтӣ, ки ба бадӣ ӯро ёд мекунад, то ин ки ба ту бигӯяд: Ӯро бигзор, ки чунину чунон кард. Пас, бидон, ки ботини ӯ хароб аст ва ӯро маърифате набошад, зеро муъмин баҳри солимии обрӯи бародари муъминаш амал мекунад».

12. Шоири араб гуфтааст: Ба шифо ояд ҷароҳатҳои пайкон, Вале захми забон н-ояд ба шифо ҳеч.

ПОРАЕ АЗ

“БОҒИ АХЛОҚИ НЕКӮКОРОН”

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Ғазалиёти Саъдӣ Шерозӣ (Саъдӣ – паёмбари ғазал)

Мусаллам аст, ки то Саъдӣ, яъне то асри XIII жанри ғазал дар адабиёти мо буд. Ин анъанотро Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ давом дод ва боз бо навовариҳои худ ғазалро болу пари тоза бахшид ва шуҳрати онро ба арш расонд. Ба ҳамин хотир, ҳанӯз дар асри XV азамати Саъдиро дар ин ҷода бузургон эътироф карда,...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...