Масҷиди бузурги Душанбе кай боз мешавад?

Масҷиди бузурги Душанбе кай боз мешавад?

Масҷиди бузурги Душанбе, ки муштаракан аз ҷониби Тоҷикистону Қатар сохта шудааст, эҳтимол дар нимаи аввали соли равон ифтитоҳ шавад. Дар ин бора раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода хабар дод.

 

Ба гуфти Сулаймон Давлатзода, Масҷиди бузурги Душанберо Тоҷикистону Қатар муштарак сохтаанд ва бинобар ин, маросими ифтитоҳи он бо ҳузури намояндагони ҳар ду кишвар баргузор мешавад.

“Сафари ҳайати расмии Қатар ба Тоҷикистон дар семоҳаи дувуми соли ҷорӣ дар назар аст ва эҳтимол зимни ин сафар Масҷиди бузурги Душанбе кушода шавад”,- гуфт Сулаймон Давлатзода.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.

Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.

Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам гузошта буд.

Ба иттилои масъулин, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.

 

Омор

Ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ, феълан дар кишвар беш аз 4058 иттиҳодияи динӣ фаъолият доранд. Аз ин:

49 масҷиди ҷомеи марказӣ;

327 масҷиди ҷомеъ;

3612 масҷиди панҷвақта;

66 ташкилоти динии ғайриисломӣ;

1 Маркази исломӣ.

Таъкид шудааст, ки ҳамаи ин муассисаҳо дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, роҳба-рияти Кумитаи дини Тоҷикистон ҷой доштани маҳдудиятҳоро, ки дар гузоришҳои бархе аз созмонҳои байналмилалӣ аз он зикр мешавад, рад намуда, афзуд, ки озодии виҷдону иттиҳодияҳои динӣ дар ҷумҳурӣ таъмин аст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...