Иди Қурбон муборак!

Иди Қурбон муборак!

Бародарон ва хоҳарони азиз, мусулмонони Русия!

 

Шуморо бо фарорасии иди бузурги Қурбон самимона табрик мегӯям!

Дар ин рӯзи фархунда мо аз муҳимтарин дарсҳоеро, ки Худованди мутаъол тавассути маросими қурбонӣ ба мо медиҳад, ёдовар мешавем. Ин рӯзест, ки ҳар яки мо имкон дорем, ки садоқат ва муҳаббати худро нисбат ба Офаридгор нишон диҳем ва нисбати ҳамсоягон ғамхорӣ кунем.

Иди Қурбон бо бузургии фидокорӣ дар роҳи ризояти Офаридгори бузург ёдовар мешавад. Дар ин рӯз мо бо хушнудӣ ба ниёзмандони кумак намуда, ба аёдати дӯстону наздиконамон рафта, дуо мекунем, ки қурбониву тамоми аъмоли хайру савобамон ба даргоҳи Худованд қабул гардад.

Худованди мутаъол дар Қуръони карим ба мо ёдоварӣ мекунад (тафсири оят): “Эй муъминон, ҳеҷ гоҳ ба подоши аҳли некон ва дараҷаи онҳо намерасед то он ки дар роҳи Худо аз молҳои дӯст медоштаатон харҷ кунед. Ва ҳар чиро новобаста аз кам ё зиёд будани он харҷ мекунед, пас бегумон Аллоҳ ﷻ донандаи мақсад ва амалҳои шумост. Ба ҳар кас дар ивази кирдораш подош хоҳад дод.” (Сураи Оли Имрон, ояти 92). Бигзор ин суханон моро, бахусус дар ин рӯзи ид, водор созад, ки корҳои хайру савоб анҷом диҳем ва ба атрофиёнамон, бахусус ба онҳое, ки дар зиндагӣ мушкиливу ниёз доранд, таваҷҷуҳ зоҳир созем.

Ҳазорон нафар бародарону хоҳарони мо аз тамоми гӯшаву ватани беканорамон ба сарзаминҳои муқаддаси Маккаву Мадина барои адои яке аз рукнҳои муҳими ислом – Ҳаҷҷ сафар намуданд. Дуъо мекунем, ки Худованди мутаъол зиёрати эшонро қабул гардонад, барояшон қувват бахшаду ба ҳар амали хайр савобашон ато фармояд. Дуъою қурбонӣ ва ҳаҷҷашон қабул гардаду, дилҳояшон пур аз имону баракат ва сиҳату саломат ба назди аҳли хонавода баргарданд.

Дар ин рӯзи муқаддас мо низ аз Аллоҳ таманно мекунем, ки дар кишварамон ва тамоми олам сулҳу оромӣ бошад! Бигзор баракату раҳмати Парвардигори мутаъол ҳамаи муъминонро аз тамоми балоҳо эмин нигаҳ дорад!

Бародарону хоҳарони азиз! Аз Худованди мутаъол хоҳонам, ки ҳама намозу қурбониҳо ва садақаҳои моро қабул кунад! Омин!

Иди Қурбон муборак!

 

Муфтии Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад Пир Абдулоев

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...