Ваҳдати миллӣ - ҳастии давлат ва бақои миллат

Ваҳдати миллӣ - ҳастии давлат ва бақои миллат

Ваҳдат барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дорои ҳуввияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарваранд.

 

 Нерӯи ваҳдат он қадар бузург аст, ки фазои душманиву душманро дарҳол маҳв менамояд ва миёни инсоният сулҳу дӯстиву рафоқатро густариш мебахшад. Яъне, танҳо ва танҳо ваҳдат аст, ки ҷомеаи тинҷу осоиштаро насиби насли одам гардонидааст. Халқе, ки ба ваҳдат рӯ намеорад ва дар асоси низоми ваҳдат сарҷамъ намегардад, ҳеҷ гоҳ ба осудагӣ намерасад.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дастоварди арзишмандтарин мебошад, зеро барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буд, заминаи воқеӣ гузошт.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд. Ин сулҳу ваҳдат маҳз бо кӯшишу заҳматҳои фидокоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуд ва ин неъмати бебаҳоро       ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ба монанди гавҳараки чашм нигоҳ дорад.

Махсусан, Созишномаи ваҳдати миллии тоҷикон, ки 27-уми июни соли 1997 имзо гардид, боиси тинҷиву амонӣ гашта, тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари Тоҷикистонро ба рӯйи ҳамватанони бурунмарзӣ боз намуд. Бо шарофати мақдами фархунда ва мубораки Ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёрии комилро ба даст овардааст.

Барқарор гардидани сулҳу субот имкон дод, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли мо захмҳои давоми ҷанг гирифтаи хешро даво бахшида, айни замон ба бунёди аркони давлатдории навинаш қадам бигузорад. Мардуми кишвар бошанд, ба ҳаёти осоишта ва ободию созандагиҳо рӯ биоваранд.

 Самараи неки Ваҳдати миллист аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ваҳдатофар шинохта шудааст. Тули 28-соле, ки Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармост, халқ зиндагии осоишта, пурбаракат ва арзандаро соҳиб гаштааст.

 Бояд иқрор намуд, ки миллати тоҷик аз ҳамон халқҳоест, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо хиради азалии хеш дар барқарорсозӣ ва гулгулшукуфии ватани худ ҷонбозиҳои зиёд карда бо муваффақият ноил гаштааст. Имрӯзҳо низ, натиҷаи заҳмати ватанпарваронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси ваҳдат озодии комили худро ба даст дорад. Яке аз бузургтарин фарзонафарзанди баруманди тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ худро зери вазнинтарин хатари ҷонӣ гузошта, ба кишварҳое, ки умеди бозгашт набуд сафар кард, то ки ба гурӯҳҳои мухолифин забон як карда, Тоҷикистони ҷангзадаро соҳибсулҳ гардонад.

Пешвои миллат дар ин музокираҳо бо хиради волои хеш байти машҳури бузургтарин ғазалсарои адабиёти форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ: «Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст, Бо дӯстон мурувват бо душманон мадоро»-рo cармашқи кори худ карор дода, бо адовати мухолифин адолат намуда, барои халқи худ Ваҳдати комилро ато кард. Истиқлоли номиро бо истиқлоли ҳақиқӣ мубаддал гардонид. Ана, ҳамин заҳматҳои Пешвои миллат аст, ки дар ин кишвари биҳиштосо ҳамасола рӯзи 27-июн хамчун “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ҷашн гирифта мешавад.

 Халқи тоҷик - яке аз хушбахттарин миллатҳо, имсол 28-солагии “Ваҳдати милли”-и хешро дар фазои сулҳу осоишта пешвоз мегирад.

Ваҳдати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳон эътироф намуда, миллати тоҷикро аз бузургтарин халқиятҳои маърифатпарвару маъдалатгустар ва ваҳдатқарину ваҳдатофар мешиносанд.

 

 Адолат нест, чун ваҳдат набошад,

Саодат нест, чун ваҳдат набошад.

Бувад ваҳдат сафои рӯзгорон,

Садоқат нест, чун ваҳдат набошад.

 Азизтар аз барои насли инсон,

 Дар ин дунё ба ҷуз ваҳдат набошад.

 Фазои рӯзгорон тирагун аст,

 Агар маънои рӯз – ваҳдат набошад.

 

Имрӯз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст.

Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Акнун замони он фаро расидааст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшида шавад ва ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиноси кишвар бояд ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

 

 

 

(«Давлатова С.Н.-мудири кафедраи бемориҳои кудаконаи №2

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Хушуъ дар намоз

Намоз робитаи Худованд бо бандагон аст. Қуръони карим ба се чизи бисёр муҳим ва қобили тааммул дар намоз, яъне хушӯъ, пойбандӣ ва давомнокӣ ишора фармудааст: «Мӯъминон растагор шуданд, онҳое, ки дар намозашон хушӯъ доранд» (сураи «Мӯъминун» оятҳои1-2).   «Ва...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт...

Ҳамасола 30-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии дӯстӣ таҷлил карда мешавад.   Рӯзи байналмилалии дӯстӣ соли 2011 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон гардид. Ҳадафи асосии ин рӯз таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди хушунат, густариши ҳамдигарфаҳмӣ ва тарғиби...


Баъди 6 сол қатораи Душанбе – Маскав дубора ба роҳ мебарояд

Баъди шаш соли таваққуф ҳаракати қатораи мусофирбар дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе аз нав оғоз мешавад. Нахустин қатора рӯзи 21 июн аз пойтахти Тоҷикистон раҳсипор хоҳад шуд.   Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, арзиши чипта дар вагони умумӣ 2617 сомонӣ ва дар...


Душанбе мизбони мусобиқаи Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026 мешавад

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) идомаи тавсеаи тақвими мусобиқаҳои худро эълон намуда, аз таъсиси силсилаи нави мусобиқаҳои Grand Prix байни ҷавонон (Hoji Sharif Dushanbe Grand Prix Juniors 2026) хабар дод.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, нахустин мусобиқа дар таърихи ин...