Донишҷӯйи беҳтарин дар Русия

Донишҷӯйи беҳтарин дар Русия

Донишҷӯйи беҳтарин дар Русия

Сарваршоҳ Азимов беҳтарин донишҷӯйи соли 2023 дар Русия дониста шуд. Номбурда хатмкардаи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор аст.

 

Комиссияи озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия даври ниҳоии озмунро баргузор ва беҳтаринҳоро муайян намуд.

Дар натиҷа мувофиқи қарори комиссияи озмун аз рӯи холҳои бадастоварда ҷойи аввалро Сарваршоҳ Азимов, донишҷӯи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналхалқии шаҳри Москва соҳиб гардидааст.

Гуфта мешавад, ки озмуни «Донишҷӯи сол — 2023» байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил менамоянд, Шурои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо дастгирии Сафорат ва Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия ташкил ва баргузор намуд.

Бино ба иттилои «Ховар», мақсад аз баргузории озмун дарёфти чеҳраҳои нави ҷавонони лаёқатманди тоҷик дар Русия, муаррифии ҷавонони соҳибистеъдод, муттаҳид намудани ҷавонон дар хориҷи мамлакат, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, муаррифии чеҳраҳои нав дар соҳаҳои гуногун дар байни донишҷӯён мебошад.

Беҳтарин донишҷӯёни сол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...