Белоусов: Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон барои амнияти минтақа муҳим аст

Белоусов: Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон барои амнияти минтақа муҳим аст

Вазири дифои Русия Андрей Белоусов аҳамияти ҳамкории амниятӣ миёни Русия ва Тоҷикистонро бо назардошти вазъияти минтақа, аз ҷумла Эрон муҳим арзёбӣ кард.

Ин масъала зимни мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар ҳошияи ҷаласаи роҳбарони вазорату идораҳои дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, баррасӣ шудааст.

«Мо ҳамкории дифои Русия ва Тоҷикистонро ҳамчун омили калидии амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мешуморем», – изҳор дошт Белоусов.

Ба гуфтаи ӯ, зарурати чунин ҳамкорӣ на танҳо бо сабаби вазъ дар Эрон, балки бо афзоиши танишҳо дар дигар минтақаҳои ҷаҳон низ марбут аст.

Вазири дифои Русия таъкид кард, ки кишвараш ба рушд ва муҷаҳҳазгардонии ҳамаҷонибаи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат намуда, таҷрибаи ҷангии худро низ мубодила мекунад. Ҳамзамон, Москва ба густариши ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои низомӣ барои таъмини амнияти ду кишвар манфиатдор будааст.

Дар навбати худ, Собирзода барои дастгирӣ ва саҳми ҷониби Русия дар тақвияти нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ изҳори сипос намуда, аз имкониятҳои васеи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ ёдовар шуд.

Қаблан, Белоусов бо вазири дифои Эрон Ризо Аштионӣ низ мулоқот анҷом дода, дар он масъалаҳои марбут ба дастгирии Эрон дар пасманзари танишҳои Ховари Миёна мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...