Ихтироъкори тоҷик ба Россия миллионҳо рубл фоида меорад

Ихтироъкори тоҷик ба Россия миллионҳо рубл фоида меорад

Бахтиёр Қосимов, аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ барои корхонаи қубурсозии шаҳри Челябински Россия муҳаррике ихтироъ намуд, ки барои корхона миллионҳо рубл фойида хоҳад овард.

Ин олими тоҷик дар суҳбат ба “Sputnik” гуфт: “Тақрибан чаҳор соли пеш ин корхона ба Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дархост фиристод, ки барояш як муҳаррики ҷадид созанд. Муҳаррике, ки корхона барои истеҳсоли қубурҳои бепайванд истифода мебарад, на фақат куҳнаю фарсуда шудааст, балки мушкил ва зиёни зиёдеро ба бор меорад”. Ба қавли ӯ, корхона аввал ба мутахассисони Олмон муроҷиат намуда, аз онҳо мехоҳад, ки як чунин муҳаррикеро сохта диҳанд, аммо маблағе, ки онҳо барои ин кор талаб кардаанд, хеле зиёд ва пардохташ дар тавони корхона набудааст, бинобар ин ба Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ (ДДУҶ) муроҷиат мекунанд.

“Ин корро донишгоҳ ба ман супурд ва тайи чор сол бо иттифоқи ҳамкоронам як муҳаррики пилгериро сохта додем, ки мавриди қабули корхона шуд ва айни замон дар ихтиёри корхонаи муҳарриксозии “Русские электрические двигатели”-и шаҳри Челябинск қарор дорад”, – гуфт Бахтиёр Қосимов. Ин муҳаррик харҷи истеҳсолотро бамаротиб коҳиш медиҳад. Масалан, фақат аз насбу васли статор ва ротори муҳаррики пилгерӣ корхона ҳудуди 2 миллион рублро масраф мекунад. Ҳамчунин муҳаррик то имрӯз дар ҷаҳон истифода намешуд. Ихтироъкори тоҷик мегӯяд, муҳаррики ҷадид барои истеҳсоли қубурҳои бепайванд, ки дар дастгоҳҳои пилгерӣ истеҳсол ва дар соҳаи нафту газ истифода мешавад, пешбинӣ шудааст. Вай афзуд, дар муқоиса бо муҳаррикҳои мавҷуд дар корхона, ин муҳаррик ғалтаки ангезишӣ надорад, аз ин хотир, талафоташ кам аст. “Зариби кори фоиданокии муҳаррик баланд буда, барои насби он асбобу таҷҳизоти гаронбаҳо лозим нест.

Масалан, ба ҷои ғалтаки ангезишӣ, ки ҳар се моҳ пас бояд таҷдид шавад, мо магнити доимӣ мондем, ки ба зудӣ хароб намешавад”, – гуфт Бахтиёр Қосимов. Дар корхона қаблан як муҳаррик барои ду сех кор мекард, ки дар ҳоли аз кор мондани як сех сехи дигарӣ ва дар умум корхона аз кор мемонд. Мо барои ду сех яктоӣ муҳаррик сохтем. Яке, ки аз кор монд, дигарӣ кор мекунад. Ин ҳама фоидаи иқтисодӣ дар пай дорад, ки ростӣ, ҳисобашро мутахассисони дигар мефаҳманд, афзуд вай. Бахтиёр Қосимов соли 1992 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, мактаби миёни №1 – и ин шаҳр ва Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон (ДЭТ) – ро хатм кардааст. Ин донишкада соли 2016 ӯро ҳамчун мутахассиси болаёқат барои таҳсил ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ фиристод.

Дар ин миён лоиҳаҳои аспирантони кафедраи “Асосҳои назарявии электротехникӣ” – И ДДУҶ Бахтиёр Қосимов ва ҳамкасбаш Дилшод Аминов, ба “Шорт-Саҳифа”- и лоиҳаҳои беҳтарин ворид шуда, сазовори ҷои аввал дар миёни иштирокчиёни озмун шудаанд, ки аз кишварҳои гуногуни олам намояндагӣ мекарданд. Бахтиёр Қосимов ҳамчунин дорандаи ҷоизаи байналмилалии “Мавҷи тиллоӣ” ва ғолиби ҷоизаи байналмилалии VI – и озмуни “Энергетикаи хурд ва дастовардҳои бузург” аст, ки соли 2018 дар шаҳри Маскави Россия баргузор шуда буд. Ихтироъи муҳаррики пилгерӣ асоси рисолаи илмии ӯ шуд ва онро дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии шаҳри Екатеринбурги Россия дифоъ кард.

Сарчашма: «Спутник»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...