Аз Душанбе то Минск – пуле барои ҳамкорӣ

Аз Душанбе то Минск – пуле барои ҳамкорӣ

18 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷаласаи навбатии комиссия масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, омодасозии кадрҳо барои комплекси агросаноатӣ, кооператсияи саноатӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳайати расмии иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон бо як қатор иншооти муҳими иқтисодию истеҳсолии кишвар, аз ҷумла Майдони Истиқлол, Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз», Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор ва хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» шинос мешаванд.

Маврид ба таъкид аст, ки ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск таҳти раёсати Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва Вазири кишоварзӣ ва озуқавории Беларус Сергей Бартош баргузор шуда буд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...