Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир

 

Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва муҳаббати камбизоатонро ба дилҳо меандозад.

 

Қонуни кишвар ва одоби муҳоҷир:

Аммо дар канори адои забот, масъалаи дигари муҳим - риояи қонуни кишварест, ки дар он зиндагӣ мекунем. Паёмбари мо Муҳаммад ﷺ ба мо таълим дод, ки «мусалмон касест, ки мардум аз дасту забони вай дар амон бошанд». Ин ҳадис ба мо мефаҳмонад, ки мо бояд намунаи беҳтарини рафтор дар ҷомеа бошем.

 

Дар шароити кунунӣ, ки тасвири манфии муҳоҷирон дар баъзе расонаҳо тарвиҷ мешавад, вазифаи мост, ки одоби беҳтаринро дар ҳама ҷо зоҳир кунем:

 

  1. Покӣ ва тозагӣ - либоси покиза ва намуди зоҳирии хуб.
  2. Ахлоқи нек - бо хандонрӯй ва нармӯй сухан гуфтан.
  3. Эҳтиром ба қонун - риояи қоидаҳои нақлиёт, ҳуҷҷатгузорӣ ва андозсупорӣ.
  4. Ёрӣ ба ҳамсоя - новобаста аз миллату дини вай.

 

Хулоса:

Биёед Закоти моли худро адо кунем ва дар кишваре, ки зиндагӣ мекунем, намунаи беҳтарини инсондӯстӣ ва ахлоқ гардем. Зеро ислом дини раҳмат аст ва мо фиристодагони ин раҳмат ба сӯи мардум ҳастем. Хонандагони азиз! Дар саҳифаи панҷум дар бораи Закоти мол сухан кардем, ки барои мо донистани тариқи дурусти пардохти Закот хело муҳим аст.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...