Ҳаракати автобусҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск барқарор карда шуд

Ҳаракати автобусҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск барқарор карда шуд

Ҳаракати автобусҳо аз шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия аз нав барқарор карда шудааст.

 

Акнун муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар зодагони Тоҷикистон имкон доранд бо нархи нисбатан арзонтар бо автобус ба Новосибирск сафар намоянд. Автобусҳо дар ду шабонарӯз як маротиба аз Хуҷанд ҷониби шаҳри Новосибирск ҳаракат мекунанд. Аз шаҳри Хуҷанд автобус соати 22:20 ба роҳ баромада, аз рӯйи нақша бояд пас аз 50 соату 30 дақиқа ба ҷойи таъиншуда бирасад. Аз Новосибирск автобус ҷониби шаҳри Хуҷанд соати 10:25 ҳаракат хоҳад кард. Сафари автобусҳо аз шаҳри Ҳуҷанд ба Новосибирск дар даврони пандемияи коронавирус қатъ гардида буд, вале ҳамакнун ин хатсайр аз нав барқарор карда шудааст.

 

«Фирӯза Саттори»

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...