Аз соли нав нархи патент дар Русия боло меравад

Аз соли нав нархи патент дар Русия боло меравад

Аз соли нав нархи патент дар Русия боло меравад

Бо наздик омадани соли нав мақомот дар шаҳру навоҳии мухталифи Русия тасмимашонро дар бораи боло бурдани нархи патент барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар эълон карданд. Ҳол он ки, чанде пеш Владимир Путин масъалаи барҳам додани патентро барои муҳоҷирон матраҳ карда буд.

Масъулин дар вилояти Новосибирск гуфтанд, қимати иҷозатномаи корро 11 дар сад боло мебаранд, аз соли 2026 нархи патент дар ин вилоят 10 ҳазору 860 рублро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли ҷорӣ 2950 рубл бештар будааст. Мақомоти ин вилоят гуфтанд, ки аз 58 ҳазор муҳоҷири корӣ дар Новосибирск 37 дар садаш тоҷиконанд.

Маблағи ҳармоҳа барои иҷозати кор дар Санкт-Петербург низ аз якуми январ аз 6 ҳазор рубли русӣ ба 8 ҳазор хоҳад расид. Ин афзоиш ҳам ба Санкт-Петербург ва ҳам ба вилояти Ленинград дахл дорад, зеро мақомот тасмими муштарак гирифтаанд.

Дар вилояти Иркутск ҳам муҳоҷирон барои патент ба ҷойи 10 ҳазору 900 рубл бояд 12 ҳазору 231 рубл пардохт кунанд. Қонунгузорон дар Камчатка рӯзи 28-уми октябр эълон карданд, ки қимати патент аз 9 ҳазору 27 рубл ба 13 ҳазору 776 рубл боло бурда мешавад.

Дар вилояти Свердловск қарор шуд, ки барои муҳоҷирон аз соли нав патент бо арзиши 9 ҳазору 500 рубл пешниҳод шавад. Ҳоло нарх 7 ҳазору 500 рубл аст.

Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия тариқи патент фаъолият доранд ва пайваста аз нархи баланди он шикоят мекунанд. Бидуни патент дар Русия кор кардан манъ аст ва ҳамасола садҳо муҳоҷир бо ҳамин далел ронда мешаванд.

Моҳи гузашта президенти Русия дар мулоқоташ бо сарони ҳизбҳои Думаи давлатӣ масъалаи бекор кардани патент ва тариқи саҳмияҳо ба Русия овардани муҳоҷиронро баррасӣ карда буд.

 

(«Пресса.тж»)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...