Чаро ғалат ҳарф мезанем?

Чаро ғалат ҳарф мезанем?

Чаро ғалат ҳарф мезанем?

Ҳамааш аз он сар шуд, ки аз нутқи омӯзгорамон донистем, ки маънии калимаи «бурдборӣ» – ин бардошт ва ё сабру таҳаммул будааст. Айнан дар луғат калимаи “бурдборӣ” ба маънии сабр, тоқат кардан, таҳаммул омадааст…

 

Ба ин маънӣ касеро ҳини ҳолати ногуворе “бурдбор бош” мегуфтаанд, яъне босабру тоқат бош. Вале дар мо ин калима аксаран иштибоҳан ба кор бурда мешавад. Ҳини ғолибиятҳову пирӯзиҳо ва ё дар коре мардум “бурдборӣ хоҳонам” мегӯянд. Ҳол он ки, “муваффақият хоҳонам” гӯем, дуруст аст. Дар луғат инчунин калимаи “бурд” ба маънии “бурд кардан”, “ғолиб омадан” ҳам омадааст, вале калимаи бурдборӣ дигар аст.

Чизи дигаре, ки боиси нигаронӣ аст, истифодаи нодурусти калимаи “қисмат” дар баъзе ҷумлаҳост. Тариқи ВАО гуфта мешавад, “дар ин қисмати барнома”, “дар қисмати охир”, “қисмати асосии мавзуъ”… Маънии калимаи “қисмат” тақдир аст. Лек дар луғат ба ду маънӣ омадааст: 1) ҳисса, 2) тақдир.

Масалан, аксар дар баъзе маврид чизеро мегӯянд, ’’ба ду қисмат ҷудо кун!’’. Дуруст мешуд агар онро дар мавридаш истифода барем!

Паҳлуи дигар, тарҷумаи нодурусти вожаҳо аст. Журналистон филми “Дольгий ночь”-ро дар мо ’’Шаби тӯлонӣ ё дароз’’ тарҷума кардаанд. Аслан, филм истеҳсоли Эрон аст ва дар шакли порсиаш “Дар имтидоди шаб” ном гирифтааст, ки ҳамин шакл дуруст мебошад…

Пас, натиҷа ин аст, ки забонамонро беҳтар ва бештар омӯзем.

 

Беҳрӯз Сайфуллоев, донишҷӯ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...