Эҳтимоли пурра баста шудани паёмрасони “WhatsApp” дар Русия

Эҳтимоли пурра баста шудани паёмрасони “WhatsApp” дар Русия

Эҳтимоли пурра баста шудани паёмрасони “WhatsApp” дар Русия

Ба иттилои Хадамоти федералии назорати алоқа, фанновариҳои иттилоотӣ ва расонаҳои Русия эълом кардааст, ки ба далели нақзи қонунҳои Русия аз сӯи “WhatsApp” алайҳи ин паёмрасон марҳила ба марҳила иқдомҳои маҳдудкунанда ҷорӣ мекунад.

Ба иддаои ин ниҳод паёмрасони “WhatsApp” “барои созмондеҳӣ ва иҷрои иқдомҳои террористӣ дар хоки Русия, ҷалби афроди гуногун ба чунин амалҳо, инчунин, барои фиребу ҷиноятҳои дигар алайҳи шаҳрвандони ин кишвар” истифода карда мешавад.

Манбаъ ҳушдор додааст, ки дар сурати риоя нашудани талаботи қонунунугзории Русия аз тарафи “WhatsApp”, ин паёмрасон дар қаламрави Русия пурра баста мешавад.

 Бояд қайд кард,ки моҳи августи соли 2025, ин ниҳод зангҳо тариқи “WhatsApp” ва “Telegram”-ро дар Русия маҳдуд карда буд.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Се медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии каратеи Осиёи Марказӣ

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 11-умин қаҳрамонии каратеи WKF-и Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби се медал, ду тилло ва як нуқра гардид. Ба иттилои тими мунтахаби каратеи Тоҷикистон, Муҳаммад Мирзозода дар вазни то 55 кг ва Алишер Султонов дар вазни то 60 кг...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...