Санаи ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия муайян шуд

Санаи ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия муайян шуд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки баъд аз даҳ рӯз ҳаракати қаторҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе ба шаҳри Волгогради Русия оғоз мешавад.

Азим Иброҳим рӯзи 5– уми август зимни нишасти хабарӣ баён кард, ҳоло нархи чиптаҳо дақиқ нест ва сари ин масъала корҳо идома дошта, дар зудтарин фурсат маълум мегардад.

Вазир афзуд, ки ҳаракати қатораҳо 16 август аз шаҳри Кӯлоб, 27 август аз Душанбе ва 7 сентябр аз Хуҷанд ба шаҳри Волгогради Русия сурат мегирад.

Оғози ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия барои садҳо муҳоҷир хабари хуш аст. Зеро ба хотири қиммат будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирон метавонанд тавассути қатора ба Русия рафтуомад кунанд.

Ёдовар мешавем, ки охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16– уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID– 19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...