Табрики муфтии Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад Пир ба муносибати иди саиди Фитр

Табрики муфтии Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад Пир ба муносибати иди саиди Фитр

 

Ин рӯзи муборак барои мусалмон таҷассумгари сипос ба Офаридгори бузург, барои имкони рӯзадорӣ, намози нофила, кумак ба ниёзманд ва ғайра мебошад.
 Дар ин моҳи муборак муъминони ҷаҳон аз хӯрдану нӯшидан, аз ҳар чизе, ки рӯзаро мешиканад, парҳез карда, дар назди Офаридгори оламиён фурӯтанӣ нишон дода, ба амри Ӯ пайравӣ намуда, умед ба раҳмати бепоёни Ӯ доранд.

Ҳар сол миллион диндор дар ин моҳ робитаи бародаронаро таҳким бахшида, ба дигарон саховатмандиву раҳму шафқат ва ҳамдардии хоса зоҳир намуда, ба камбағалу бечора кумак мекунанд. Шомона (ифтор) ташкил карда, дар он ҳар кас метавонад дар поёни рӯз нӯши ҷон кунад. Худованд ҳар як амали хайрро қабул гардонад, баракати бепоён низ ато фармояд.

Боиси хушнудист, ки дар чунин чорабинӣ намояндаи гуногуни ҷомеа, аз шаҳрдорон то шаҳрвандон ширкат мекунанд. Ҳамаро як хоҳиши муштараки ба ҳамдигар муфид дошта, изҳори шодмонӣ дар фарорасии моҳи раҳмату баракати Парвардигор муттаҳид месозад. Чунин вохӯрӣ ба ваҳдати мардум, таҳкими робитаҳои бародаронаи мардумро зиёда карда, эҳёи рӯҳияи ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватанро низ мустаҳкам мекунанд.

Офаридгорро ситойиши беандоза дорам, ки ба мо имкон дод то, ки ин айёми муборакро бубинем. Аз Ӯ таманно дорам, ки дар соли оянд моро аз ин раҳмати худ маҳрум насозад.
 Худованди мутаъол тамоми гуноҳони моро биомурзад, рӯзаву намозу закот ва ҳамаи амали хайри дар ин моҳи шариф кардаро қабул гардонад ва савоби онро чандин баробар созад!

Бигзор ахлоқу амали нек, ки дар моҳи Рамазон ба даст овардаем, то абад бо мо бимонад ва ҳар гуна гуноҳу амали бад, ки аз он раҳо кардаем, ҳаргиз ба сари мо барнагардад!

Аз Худованди мутаъол ба хотири ин моҳи муборак талаб мекунам, ки моро аз мусибату бадбахтӣ, ҷангу ҷидол дар паноҳаш нигоҳ дорад ва ба ҳамаи онҳое, ки ҳоло дар роҳи сулҳу некӣ ва адолат мубориза мебаранд, сабру тоқат ато намояд. Омин!

 

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Шамолкашӣ ва дарди гулӯ. Чаро бемориҳои «зимистона» дар гармӣ ҳам пайдо мешаванд?

Аксари одамон зуком, шамолкашӣ ва дарди гулӯро бемориҳои фасли сармо меҳисобанд. Аммо таҷрибаи табибон нишон медиҳад, ки дар гармтарин рӯзҳои тобистон низ шумораи беморони гирифтори дарди гулӯ ва тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳои гулӯ) кам нест. Сабаби асосии ин ҳолат истифодаи нодурусти...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...