Масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ меҳвари гуфтугӯи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

Масъалаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ меҳвари гуфтугӯи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

 

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳамтои саудии худ Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дидор кард. Ҷонибҳо Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои калидии густариши робитаҳои дӯстонаи ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин бора хабаргузории давлатӣ АМИТ “Ховар”хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид карданд. Нақши парлумонҳоро ҳам дар густариши муносибатҳои байнидавлатӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Масъалаҳои табодули таҷрибаи қонунгузорӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар созмонҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ низ дар дастури корӣ қарор дошт.

Ҳарду тараф омодагии худро барои пешбурди ҳамкории судманд баён намуданд, ки ин барои рушди минтақавӣ аҳамияти калон дорад.

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


5 ғизои солим барои майнаи сар

Майнаи сари инсон яке аз фаъолтарин узвҳои бадан ба шумор меравад. Бо вуҷуди он ки ҳамагӣ тақрибан ду фоизи вазни баданро ташкил медиҳад, барои фаъолияти муътадили худ 20-30 фоизи нерӯеро, ки организм истеҳсол мекунад, истифода мебарад. Агар майна ба миқдори кофӣ моддаҳои ғизоӣ ва об нагирад, инсон...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Коҳиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади кор 494,5 ҳазор маротиба ба Русия ворид шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 18 дарсад камтар аст. Тавре нашрияи «Ведомости» хабар медиҳад, Тоҷикистон аз рӯйи шумораи сафарҳои корӣ миёни...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


Муҳаққиқи тоҷик дар Корея соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуд

Мижгона Шарофова, доктори илмҳои тиб, мудири озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтикаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони зан дар Корея барои ихтирои илмии худ сазовори ҷоизаи тиллоӣ...