Ширкати 12 паҳлавони тоҷик дар Ulaanbaatar Grand Slam 2025

Ширкати 12 паҳлавони тоҷик дар Ulaanbaatar Grand Slam 2025

Аз 25 то 27-уми июли соли равон дар шаҳри Уланбатори Муғулистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 Ulaanbaatar Grand Slam 2025 баргузор мешавад, ки 12 ҷудокори тоҷик дар он ширкат хоҳанд кард.

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад, ки барои ширкат дар мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2025 ҳоло 158 ҷудокор (105 мард, 53 зан) аз 26 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 12 паҳлавон миёни мардон – Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сунатулло Мусоев (-81 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Мизробшо Лоиқов (-90 кг), Муҳсин Малаев (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг) ва миёни бонувон Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввал, 25-уми июл ҷудокорон дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва вазнҳои – 48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон рақобат мекунанд. Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои 73 кг, -81 кг ва бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг сабқат мекунанд. Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои – 90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг баромад мекунанд. Оғози рақобатҳо ҳоло дертар маълум хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар охирин мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam ҷудокори мо Обид Ҷебов (-66 кг) ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардида буд.

(Пресса.тж)

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Фазли некухулқӣ

Худованд ﷻ хулқи Паёмбарро ﷺ ба таври алоҳида қайд кард ва онро бо бузургиву азамат тавсиф намуд, чунонки Қуръонро бо сифати «азим» васф кард, то огоҳ намояд, ки хулқе, ки Паёмбар ﷺ бар он аст, ҷомеъи ахлоқи писандида мебошад ва дар он шукри Нуҳ, хуллати 1 Иброҳим, ихлоси Мӯсо,...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...